Баргузории ҷаласаи Путин бо Шӯрои амният

© Sputnik / Евгения НовоженинаКремл. Акс аз бойгонӣ
Кремл. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Кохи Кремлин эълон дошт, ки вобаста ба вазъи Брянск раисҷумҳури кишвар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русияро баргузор хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия хабар додааст, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои амнияти кишвар ҷаласа доир мекунад
“Баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия имрӯз дар нақша нест, аммо фардо ҷаласа бо аъзои доимии Шӯро дар назар аст”, - гуфт Песков.
Инчунин сухангӯи раисҷумҳури Русия дар бораи ворид шудани нерӯҳои украинӣ ба қаламрави Русия гуфт, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои амниятӣ барои нобуд кардани террористоне, ки ба вилояти Брянск ворид шудаанд, чораҳо меандешанд.
Бронежилет и рация сотрудника ФСБ РФ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Низомиёни Русия ба нобудсозии нерӯҳои милатгарои украинӣ дар вилояти Брянск оғоз карданд
"Сухан дар бораи ҳамлаи террористон меравад. Ҳоло барои нобуд кардани ин террористон чораҳо андешида мешаванд. Ва дар арсаи байналмилалӣ мо таваҷҷуҳ доштем ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамлаҳои террористӣ ҷалб хоҳем кард”, - гуфт Песков.
Ёдовар мешавем, ки губернатори вилояти Брянск Александр Богомаз гуфта буд, ки нерӯҳои иктишофи ва тахрибкори украинӣ вориди қаламрави ноҳияи Климов шудаанд. Онҳо ба сӯи як худрави сокини маҳаллӣ тир холӣ карданд. Дар натиҷаи тирпарронӣ як сокини маҳалӣ кушта, як кӯдаки даҳсола захмӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0