Тавсифи сафири Эрон аз сатҳи муносиботи Теҳрону Маскав

© Sputnik / Владимир ТрефиловПосол Ирана в РФ Казем Джалали
Посол Ирана в РФ Казем Джалали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Дипломат аз сафари қарибулувқӯи вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маскав хабар дод, ки интизор меравад, моҳи равон сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Муносиботи Теҳрону Маскав дар марҳилаи тилоӣ қарор доранд, изҳор дошт сафири Эрон дар Русия, Козим Ҷалолӣ.
Сафири эронӣ дар суҳбат бо нашрияи парлумонии "Парламентская газета", таъкид намуд, ки муносиботи Теҳрону Маскав дар ҳамаи бахшҳо ба таври мунтазам таҳким ёфта истодаанд.
Дипломат инчунин хабар дод, ки вазири умури хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ба наздикӣ аз пойтахти Русия боздид хоҳад кард.
"Худо хоҳад, ин сафар ба Маскав дар моҳи март баргузор хоҳад шуд", - гуфт ӯ.
Глава МИД Ирана Хоссейн Амир Абдоллахиян - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Ғарб бояд аз бозии бенатиҷа даст кашад: Эрон дар бораи ҳангомаи бесарнишинҳояш дар Укроин
Қаблан намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон дар ҳоли таҳким қарор доранд.
Вай қайд кард, ки ду тараф бидуни назар ба андешаи ғарбиҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба машғуланд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб мебошанд.
Зикр гардид, ки гардиши коло миёни Русия ва Эрон дар давоми соли гузашта ҳудуди 20% афзоиш ёфта, ба ҳадди 5 млрд доллар баробар гардидааст.
Ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳои калидӣ ба манфиатҳои аҳолии Русия ва Эрон мувофиқ аст, вай хулоса кард.
Лентаи хабарҳо
0