Шарҳи сафорат дар бораи сӯхтори "вагон"-и муҳоҷирони тоҷик дар Перм

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълом кардааст, дар сӯхтори "Вагон"-и муҳоҷирони тоҷик дар Перм касе ба таври ҷиддӣ осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сӯхтори "Вагон"-и муҳоҷирони тоҷик - макони ғизохӯрии муҳоҷирони тоҷик, ки шаби 27 феврали соли 2023 дар шаҳри Перми Русия рух додааст, огоҳ аст ва қазияи мазкур мавриди пайгирӣ қарор дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти намояндагӣ ҷумҳури дар Маскав.
Сафорат таъкид кардааст, ки ҳангоми сӯхтор як муҳоҷири андаке аз ин сӯхтор осеб дидааст ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст. Дигар муҳоҷирон хушбахтона дар берун буданд ва саломат монданд, аммо санадҳояшон ба коми оташ рафт.
В Москве загорелось складское помещение рядом с метро Дмитровская  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2023
Сӯхтор дар Маскав: Бинои таъмири мошинҳо ба коми оташ рафт – видео
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфаи Русия ва ҷамъияти тоҷикон дар ин минтақа барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба зарардидагон изҳори омодагӣ намуданд.
"Дар масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳояшон Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа кумак хоҳад кард," -- гуфтанд дар сафорат.
Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Мақомоти маҳаллӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Дар гузашта низ сӯхтани “вагон”-и муҳоҷирон сабт шудааст. Мақомоти Русия ҳамвора онро “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ" меноманд.
Лентаи хабарҳо
0