“Ёди ту ҳаргиз наравад”: консерти ёдбуди Баҳром Ғафурӣ

Обуна шудан
Дар Кохи Суруш, яке аз муътабартарин толорҳои Душанбе, консерти ёдбуди Баҳром Ғафурӣ, овозхони маъруфи Тоҷикистон баргузор шуд
Вижагии ин консерт ин буд, ки бо як филми мустанад дар бораи Баҳром Ғафурӣ шуруъ шуд ва овозхонони маъруфи тоҷик ҳар як яке аз таронаҳои овозхони маъруфро иҷро карданд.
Зуҳурҷон Ҳамроев, директори Суруш-медиа, баргузоркунандаи ин консерт, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз баргузории ин консерт арҷгузории ба ҳунарманди асил ва гиромидошти ҳунари баланд аст.
“Ин як консерти тиҷорӣ ё хайриявӣ набуда, фақат бо гиромидошти овозхони маъруф арҷ гузоштан ба санъати волои мусиқӣ аст, ки яке аз намояндагонаш дар асри мо марҳум Баҳром Ғафурӣ буд”, - гуфт Зуҳурҷон Ҳамроев.
Консерти ёдбуди Баҳром Ғафурӣ таҳти унвони “Ёди ту ҳаргиз наравад” бо як филми мустанад, ки аз сӯи коргардони ҷавон Сироҷиддин Ғафурӣ таҳия шудааст, оғоз шуд. Дар идома овозхонони маъруфи тоҷик Зикриаллоҳ Ҳакимов, Нобовар Чаноров, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Остон Азизов, Шаҳзоди Даврон, Ҷаҳонгир Зарипов ва шогирдони худи Баҳром Ғафурӣ, назири Низоми Қутбиддин, Диловари Саидзод, Билол Ғафурӣ ва писараш Анӯшервони Баҳром таронаҳои худи ӯро иҷро карданд.
"Мо ҳамеша дар бари шумоем": гиряи Шабнами Сурайё дар тӯи фарзандони Баҳром Ғафурӣ -видео
Ба қавли директори Суруш-медиа, қимати билети консерт низ ҳадди ақал ё минималӣ ва ба хотири пӯшидани фақат бархе хароҷоти чорабинӣ буд.
"Қисмати асосии бинандагонро онҳое ташкил мекунанд, ки даъват шудаанд ва дар умум воқеан як шаби ёдбуд, як чорабинии фарҳангӣ буд, ки баргузор шуд", - гуфт Зуҳурҷон Ҳомидов.
Бино ба иттилои мо, ширкаткунандагони консерти билетҳоро аз 80 то 100 сомонӣ дарёфт кардаанд.
Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, тайи умри кӯтоҳи худ Баҳром Ғафурӣ беш аз 200 таронаи нобро дар 15 албоми тарона ба мухлисонаш додааст. Бахусус, таронаҳои ӯ “Муҳоҷирбача”, “Ёди ту ҳаргиз наравад”, “Дар ин замона”, “Фариштамоҳ” аз таронаҳои маъруфи ӯ ба ҳисоб мераванд, мукаррар аз сӯи овозхонони ҷавон бозхонӣ мешаванд.
"Ака, гӯё ин сурудро барои ман навиштанд": Назаров дар бораи як таронааш бо Баҳром Ғафурӣ
Вай яке аз камтарин овозхонони тоҷик аст, ки таронаҳояшро овозхонони кишварҳои форсзабон - Афғонистону Эрон, назири Валии Ҳиҷозӣ ва Шаҳёд бозхонӣ кардаанд.
Баҳром Ғафурӣ соли 2009 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар озмуни Big Apple Awards унвони "Баҳтарин овозхони марди Осиёи Марказӣ" - ро низ ба даст овардааст.
Овозхони маъруфи тоҷик 7 августи соли 2020 дар пайи сонеҳаи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар синни 44 – солагӣ олами фониро падруд гуфт.
Лентаи хабарҳо
0