https://sputnik.tj/20230228/sozmoni-hamkori-islomi-kor-tahsil-zanon-dini-islom-1055224473.html
Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ: манъи кор ва таҳсили занон хилофи дини ислом аст
Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ: манъи кор ва таҳсили занон хилофи дини ислом аст
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ тасмими толибон барои мамнуъияти кор ва таҳсили занонро хилофи омузаҳои дини Ислом хонд
2023-02-28T21:30+0500
2023-02-28T21:30+0500
2023-02-28T21:30+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ислом
занон
маҳдудият
кор
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343872_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_3dc177571815974322a0da21757f01fb.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо дар дидор бо Насираҳмад Андеша, сафири Афғонистон дар Швейтсарияи бори дигари иқдоми толибонро дар манъи кору таҳсили занон маҳкум кард.Пеш аз ин ҳам Созмони ҳамкории Исломӣ мамнуъияти таҳсилу кори занон дар Афғонистонро маҳкум карда ва онро хилофи шариати ислом ва суннати паёмбар хонда буд.Соири кишварҳои исломӣ аз ҷумла Индонезия, Эрон, Қатар ва Арабистон ҳам сиёсати толибон дар баробари занону духтаронро маҳкум карда ва аз ин гурӯҳ хостаанд, ки аз тасмимоташон ақабнишинӣ кунанд.Пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд. Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230227/smm-khostori-kumak-bashardustona-afghoniston-1055205749.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343872_214:0:2943:2047_1920x0_80_0_0_32fdfcfce658b324f3626700acdf0360.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, созмони ҳамкории исломӣ, занон, толибҳо, манъ, кор, таҳсил, дини ислом
афғонистон, созмони ҳамкории исломӣ, занон, толибҳо, манъ, кор, таҳсил, дини ислом
Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ: манъи кор ва таҳсили занон хилофи дини ислом аст
Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ тасмими толибҳо барои мамнуъияти кор ва таҳсили занонро хилофи омузаҳои дини Ислом хонд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дабири кулли Созмони ҳамкории Исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо дар дидор бо Насираҳмад Андеша, сафири Афғонистон дар Швейтсарияи бори дигари иқдоми толибонро дар манъи кору таҳсили занон маҳкум кард.
Пеш аз ин ҳам Созмони ҳамкории Исломӣ мамнуъияти таҳсилу кори занон дар Афғонистонро маҳкум карда ва онро хилофи шариати ислом ва суннати паёмбар хонда буд.
Соири кишварҳои исломӣ аз ҷумла Индонезия, Эрон, Қатар ва Арабистон ҳам сиёсати толибон дар баробари занону духтаронро маҳкум карда ва аз ин гурӯҳ хостаанд, ки аз тасмимоташон ақабнишинӣ кунанд.
Пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд. Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".
Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибҳо хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.