https://sputnik.tj/20230228/rusiya-budubosh-kutohmuddat-muhojiron-mahdud-1055210233.html
Русия метавонад будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷиронро маҳдуд кунад
Русия метавонад будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷиронро маҳдуд кунад
Sputnik Тоҷикистон
ВКД-и Русия иҷозаи будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷирон то 90 рӯз дар солро имкон аст маҳдуд кунад, аммо ин ба донишҷӯёну онҳое, ки раводиди корӣ доранд, дахл надорад
2023-02-28T11:47+0500
2023-02-28T11:47+0500
2023-02-28T11:47+0500
дар русия
муҳоҷират
қонун
сарраёсати вкд-и русия
иҷтимоъ
буду бош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1c/1055207163_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_1eacb60964f9c6685e2902f4e8831bf3.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Муддати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия метавонад то 3 моҳ кам карда шавад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия. Дар назар аст, ки давраи нави ягонаи будубоши кӯтоҳмуддати шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия - 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ муқаррар карда шавад. Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ дод, ки лоиҳаи қонуни нав ба донишҷӯёни хориҷӣ ва ҳамчунин онҳое, ки раводиди корӣ додаанд, чӣ гуна таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ин ниҳод, муҳлати буду боши онҳо дар Русия аз сабабе вобаста хоҳад буд, ки бо кадом роҳ онҳо ҳаққи будубоши дарозмуддатро дарёфт кардаанд. Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 ҳукумати Федератсияи Русия лоиҳаи қонуни "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубоши (иқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия"-ро пешниҳод кард. Мутобиқи он шаҳрвандони хориҷӣ бидуни раводид метавонанд пайваста дар кишвар на бештар аз 90 рӯз иқомат кунанд. Айни замон ин ҳуҷҷат дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.Ҳамчунин ҷорӣ намудани феҳристи электронии корфармоёне, ки хориҷиёнро ҷалб мекунанд, пешбинӣ шудааст; феҳристи коргарони хориҷӣ, инчунин феҳристи корфармоёни бемасъулият тартиб дода мешавад. Илова бар ин, тахмин меравад, ки муҳоҷирон барои иқомат дар Русия бояд санади ягона бо васоити электронӣ бигиранд. Дар айни замон, давомнокии будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷирон дар маҷмӯъ то 90 рӯз дар давоми 180 рӯз (шаш моҳ) аст. Мӯҳлати доимии будубош низ набояд аз 90 рӯз зиёд бошад.
https://sputnik.tj/20230220/muhojiron-mehnati-mintaqa-rusiya-1055050231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1c/1055207163_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6b14422fa3357cad6c96f96cdc3e8459.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия будубош кӯтоҳмуддат муҳоҷирон маҳдуд
русия будубош кӯтоҳмуддат муҳоҷирон маҳдуд
Русия метавонад будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷиронро маҳдуд кунад
ВКД-и Русия иҷозаи будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷирон то 90 рӯз дар солро имкон аст маҳдуд кунад, аммо ин ба донишҷӯёну онҳое, ки раводиди корӣ доранд, дахл надорад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Муддати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Русия метавонад то 3 моҳ кам карда шавад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия.
Дар назар аст, ки давраи нави ягонаи будубоши кӯтоҳмуддати шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия - 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ муқаррар карда шавад.
Вазорати корҳои дохилӣ шарҳ дод, ки лоиҳаи қонуни нав ба донишҷӯёни хориҷӣ ва ҳамчунин онҳое, ки раводиди корӣ додаанд, чӣ гуна таъсир мерасонад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, муҳлати буду боши онҳо дар Русия аз сабабе вобаста хоҳад буд, ки бо кадом роҳ онҳо ҳаққи будубоши дарозмуддатро дарёфт кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2022 ҳукумати Федератсияи Русия лоиҳаи қонуни "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубоши (иқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия"-ро пешниҳод кард.
Мутобиқи он шаҳрвандони хориҷӣ бидуни раводид метавонанд пайваста дар кишвар на бештар аз 90 рӯз иқомат кунанд. Айни замон ин ҳуҷҷат дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.
Ҳамчунин ҷорӣ намудани феҳристи электронии корфармоёне, ки хориҷиёнро ҷалб мекунанд, пешбинӣ шудааст; феҳристи коргарони хориҷӣ, инчунин феҳристи корфармоёни бемасъулият тартиб дода мешавад.
Илова бар ин, тахмин меравад, ки муҳоҷирон барои иқомат дар Русия бояд санади ягона бо васоити электронӣ бигиранд.
Дар айни замон, давомнокии будубоши кӯтоҳмуддати муҳоҷирон дар маҷмӯъ то 90 рӯз дар давоми 180 рӯз (шаш моҳ) аст. Мӯҳлати доимии будубош низ набояд аз 90 рӯз зиёд бошад.