"Атласи Хуҷанд" бо корхонаи Самарқанд муттаҳид мешавад

© Фото : Официальная страница президента Таджикистана в FacebookРабота на фабрике "Атласи Худжанд"
Работа на фабрике Атласи Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Аллакай соли ҷорӣ корхонаи машҳури суғдӣ, ки ба истеҳсоли атласу адрас машғул аст, нақша дорад, ки бо бофандагони Самарқанд корхонаи муштарак таъсис диҳад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Соли 2023 таъсиси корхонаи муштараки "Самарқанд-Суғд Силк" дар назар аст, хабар медиҳад Sugdnews.
Ба гуфтаи Азимҷон Ғафуров, директори ҶДММ "Атласи Хуҷанд", сухан дар бораи муттаҳидшавӣ бо корхонаи "Самарқанд-Суғд абрешими"-и Узбекистон меравад. Он ба коркарди пилла ва истеҳсоли риштаи абрешим машғул аст.
Дар хусуси корхонаи тоҷикӣ бошад, он таърихи бой дорад.
"Атласи Хуҷанд" дар кишвар ягона корхонаест, ки аз соли 1931 ба ин сӯ бо роҳи нассоҷӣ ва саноатӣ атласу адрас истеҳсол мекунад.
То имрӯз қариб 70% тамоми корҳо дастӣ, 30%-и боцимонда бо техника иыро карда мешавад.
"То пурра омода шудани матои миллӣ 22 амал: аз тар кардани риштаи абрешимӣ то истеҳсоли маҳсулоти тайёр анҷом дода мешавад. Ҳоло дар корхона истеҳсоли 120 намуди атлас ва 34 намуди адрас ба роҳ монда шудааст", - афзуд Ғафуров.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамасола дар як баст зиёда аз 50 нафар мутахассисон 50 ҳазор метр матоъ истеҳсол мекунанд.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2023
Мақомоти Хуҷанд дар бораи корхонаҳои ифтитоҳшуда дар соли 2022 маълумот дод
Корхона инчунин таҷрибаи кори муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ дорад. Аз ҷумла, бо ширкати швейтсарии LTD Bezema ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.
"Бори аввал бо истифода аз технологияҳои навтарини рангубор 48 намуди атлас истеҳсол шуд, ки дар шароити хона шустан мумкин аст", - афзуд директори корхонаи "Атласи Хуҷанд".
Лентаи хабарҳо
0