Афзоиши тадбири амниятии толибҳо дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

© AP / Ebrahim NorooziБоевики движения "Талибан" на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста
Боевики движения Талибан на месте взрыва в Сикхском храме в Кабуле, Афганиста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Масъулони амниятии толибҳо дар вилояти Қундуз аз афзоиши тадбирҳои амниятӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон хабар додаанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Фармондиҳи амниятии толибҳо дар вилояти Қундӯз Бахтиёри Маози гуфтааст, ки аз ҷониби Афғонистон ҳеҷ таҳдиде мутаваҷҷеҳи Тоҷикистон нест ва иҷоза нахоҳанд дод то касе аз хоки Афғонистон бар зиди кишварҳои ҳамсоя истифода кунад, иттилоъ додааст бахши дарии хабаргузории “ПарсТудей”.
Оқои Бахтиёр афзуд, ки ҳеҷ гузорише аз фаъолиятҳои зиди амниятӣ дар ин вилоят вуҷӯд надорад ва агар касе даст ба мухолифат бизанд, саркӯб хоҳад шуд.
Вай тасреҳ кард, ки дар вулусволиҳои Қалъаи зол, Эмом Соҳиб ва Кулбод дар марз бо Тоҷикистон ба андозаи кофӣ неруиҳои марзӣ ва полис фаъол ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода гузоришҳо дар мавриди таҷаммӯи ҷангиёни ДИИШ дар марз бо ҷумҳуриро тавзеҳ дод.
Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Ҳамеша омодаем: Раҳимзода дар бораи хатари ҳамла ба Тоҷикистон
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳифзи амнияти сарҳад бо Афғонистон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва афзалиятноки мақомот, аз ҷумла марзбонию амнияти миллӣ хонд. Вай афзуд, нақшаи муштараке таҳия шудааст, ки дар сурати ҳолати хатар амалӣ мегардад.
"Мо ҳамеша омодаем. Дар чунин мавридҳо нақшаи муштарак дорем, ки дар сурати зарурат амалӣ мегардад. Ҳамчунин дар ҳолати зарурӣ аз нерӯҳои СПАД барои ҳимоят аз марзҳои Тоҷикистон истифода хоҳад шуд", - гуфт Раҳимзода.
Ин дар ҳолест, ки раиси ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров эълом дошт, ки ин созмон ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад.
Ӯ зимни нишасти матбуоӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.
Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба тамомияти Тоҷикистон таҳдид кунанд, аз ҷумла террористон аз гурӯҳҳои мамнӯъ.
Ба иттилои СААД, теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Сидоров мегӯяд, аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0