Владимир Путин ба Стивен Сигал ордени "Дӯстӣ" дод

© Sputnik / Aleksey Nikolskyi / Гузариш ба медиабонкАктер Стивен Сигал и президент США Владимир Путин на первом чемпионате РФ по смешанным боевым искусствам
Актер Стивен Сигал и президент США Владимир Путин на первом чемпионате РФ по смешанным боевым искусствам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия ба ҳунарманди машҳури амрикоӣ Стивен Сигал мукофот дод. Раҳбари Русия ӯро бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ордени “Дӯстӣ” ҳунарманди амрикоӣ Стивен Сигалро сарфароз гардонд, қарори дахлдор дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидааст.
"Барои саҳми бузург дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва гуманитарӣ, намояндаи вижаи Вазорати умури хориҷии Русия дар умури алоқаҳои гуманетарӣ бо ИМА ва Ҷопон Сигал Стивен Фредерик бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шавад", - гуфта шудааст дар санад.
Илова бар ин, барои саҳми бузург дар таҳкими муносибатҳои Русия-Аморати муттаҳидаи Араб, бо ордени “Дӯстӣ” сафири АМА дар Русия Муҳаммад Аҳмад Султон-Ал-Ҷабера сарфароз гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2016 Владимир Путин фармон дар бораи тақдими шаҳрвандии Русия ба Стивен Сигалро ба имзо расонида буд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2022
Путин ба Раҳмон Орден дод
Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли гузашта аисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ордени дараҷаи III дод.
“Барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Русия ва Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени “хидмат назди Ватан”-и дараҷаи III”, сарфароз гардонида шуд — гуфта мешавад дар санади мазкур.
Бояд қайд кард, ки ин аввалин қадрдонии Эмомалӣ Раҳмон аз сӯйи раисҷумҳури Русия нест.
Дар соли 2017 раисҷумҳури Русия Владимир Путин, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Ордени Александр Невский сарфароз гардонида буд.
Лентаи хабарҳо
0