Тармаи пурқурбонӣ дар масири Душанбе - Хуҷанд ва шарҳи IRS дар бораи вазъи роҳ

CC BY-SA 3.0 / Scientif38 / Снежная лавина, архивное фото
Снежная лавина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Обуна шудан
Мошини "Мусо" дар роҳи Душанбе - Чаноқ, ки нигоҳдории онро ширкати IRS ба уҳда дорад, зери тарма монда, дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бар асари тарма дар километри 157 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ, дақиқтараш дар ағбаи Шаҳристон, автомобили тамғаи "Муссо" зери тарма мондаст, иттилоъ дод ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ин роҳ машғул мебошад.

"Дар натиҷа, 3 нафар дар макони ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Як мусофири дигар дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ карда шуд", - омадааст дар иттилоия.

Ширкат таъкид кардааст, ки якҷо бо мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ фаврӣ ба макони ҳодиса расида, барои наҷоти ашхоси зикршуда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ доданд, вале офати мазкур талафоти ҷонӣ дар пай гузошт.
IRS ронандагон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқ бодиққату эҳтиёткор бошанд.
Дар мавриди вазъияти феълӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ иттилоъ дода шудааст, ки кормандони ширкат ба бартарафсозии паёомади тармаҳо машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ монеаҳои мавҷударо рафъ карданд.
Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт таъмин аст, таъкид намуд IRS.
Последствия схода снежной лавины на городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Арабистони Саудӣ ба осебдидагони тарма дар ВМКБ 1.5 млн доллар кумак мерасонад
Ахиран КҲФ аз хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳушдор дода, аз аҳолӣ хост, сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу рег, ки монеъи ҷорӣ шудани об дар маҷрои худ мешаванд, тоза кунанд.
Ғайр аз ин Кумита огоҳ мекунад, ки ба асари барфу боронҳои пуршиддат хатҳои интиқоли қувваи барқ метавонанд аз ҳам гусаста шаванд ва ин боиси қатъи интиқоли барқ гардад, дарахтон метавонанд зери вазни барф бишкананд.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хостааст, ки аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, рафтан ба шикоргоҳ, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум то як муддат худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0