Супориши раиси вилояти Хатлон дар бораи дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳо

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, И.о главы Хатлонской области
Давлатали Саид, И.о главы Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон ба мақомдорони вилоят супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои дар пешистода чораҳои мушаххас андешанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ахиран дар вилояти Хатлон нишасти маҷозии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид, ки дар чанд масъалаи муҳим баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Давлаталӣ Саид бо мақомдорони вилоят иҷроиши нақшаи андоз, вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва сарсабзу хуррамгардонии табиати атроф дар муҳлати бунёдшавандаро баррасӣ кард.
Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа, афзоиш додани корҳои сохтмонӣ ва иншооти гуногуни бунёдшаванда, таъсиси ҷойҳои кории холӣ, фаъолияти дурусти коргоҳу корхонаҳо, омода ва сафарбарсозии ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва як қатор масъалаҳои дигари рӯз мавриди баррасӣ ва вазифагузорӣ қарор гирифт.
Давлатали Саид, И.о главы Хатлонской олбласти - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Раиси вилояти Хатлон аз камбудиҳо дар бахши кишоварзии вилоят гуфт
Дар ҳамин ҳол ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласаи маҷози Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашнҳои дар пешистода чораҳои мушаххас андешанд.
“Санаҳои таърихӣ, ҷашнвораҳоро дар сатҳи баланди ташкилӣ бо дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол намоед”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0