https://sputnik.tj/20230227/rasulzoda-najotdihandagon-tojik-turkiya-qadrdoni-1055200819.html
Расулзода наҷотдиҳандагони тоҷикро барои корашон дар Туркия қадрдонӣ кард - видео
Расулзода наҷотдиҳандагони тоҷикро барои корашон дар Туркия қадрдонӣ кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Имдодгарони тоҷикистонӣ барои иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон гузошта дар Туркия бо туҳфаҳо, рутбаҳои ҳарбӣ, сипоснома ва меделҳо қадрдонӣ шуданд
2023-02-27T18:03+0500
2023-02-27T18:03+0500
2023-02-27T18:03+0500
дар тоҷикистон
ҳолат
маркази ҳолатҳои фавқулодда
кҳф
туркия
заминҷунбӣ
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055199439_0:0:640:361_1920x0_80_0_0_9dc9c973297b1165828273012acc3751.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода кори наҷотдиҳандагонеро, ки дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи Туркия иштирок доштанд, хуб баҳогузорӣ кард. Тибқи иттилои КҲФ, Расулзода ба наҷотбахшон аз номи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим намуд, онҳоро бо рутбаҳои ҳарбӣ, сипосномаҳои КҲФ ва медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонд.Қоҳир Расулзода ба наҷотдиҳандагони КҲФ барои кори софдилона ва пурсамар изҳори сипос намуд. Ҳайати шахсии Кумита изҳори омодагӣ кардааст, ки вазифаҳои бар дӯшашон гузошташударо дар дохил ва дар хориҷи кишвар иҷро менамояд.Маврид ба ёдоварист, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз 10-ум то 22-уми феврали соли 2023 дар Туркия буданд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзилаи мудҳиш дар ин кишвар иштирок намуданд.Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери вайронаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Баъди 144 соати заминларза бошад, онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд, зикр намуд КҲФ. Инчунин таъкид шуд, ки дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.Маврид ба зикр аст, ки заминларзаи харобиовар дар Туркия беш аз 44 ҳазор кушта барҷой гузошт.
https://sputnik.tj/20230226/turkiya-loihakash-pudratchi-bozdosht-1055187018.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055199439_71:0:640:427_1920x0_80_0_0_90f1b780a72851deeec7df20f1afc33e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қадрдонӣ, наҷотдиҳандагон, тоҷик, имдод, туркия
қадрдонӣ, наҷотдиҳандагон, тоҷик, имдод, туркия
Расулзода наҷотдиҳандагони тоҷикро барои корашон дар Туркия қадрдонӣ кард - видео
Имдодгарони тоҷикистонӣ барои иҷрои вазифаҳои бар дӯшашон гузошта дар Туркия бо туҳфаҳо, рутбаҳои ҳарбӣ, сипоснома ва меделҳо қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода кори наҷотдиҳандагонеро, ки дар бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи Туркия иштирок доштанд, хуб баҳогузорӣ кард.
Тибқи иттилои КҲФ, Расулзода ба наҷотбахшон аз номи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо тақдим намуд, онҳоро бо рутбаҳои ҳарбӣ, сипосномаҳои КҲФ ва медалҳои соҳавӣ сарфароз гардонд.
Қоҳир Расулзода ба наҷотдиҳандагони КҲФ барои кори софдилона ва пурсамар изҳори сипос намуд.
"Имдодгарон вазифаи наҷоти ҷони одамон ва расонидани ёрии саривақтӣ ба аҳолии осебдидаро пурра иҷро намуданд ва аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд", - таъкид намуд сарвазир.
Ҳайати шахсии Кумита изҳори омодагӣ кардааст, ки вазифаҳои бар дӯшашон гузошташударо дар дохил ва дар хориҷи кишвар иҷро менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз 10-ум то 22-уми феврали соли 2023 дар Туркия буданд ва дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагони зилзилаи мудҳиш дар ин кишвар иштирок намуданд.
Дар ин муддат ба онҳо муяссар гардид, ки баъди 5 рӯзи заминларза аз зери вайронаҳо як мардро бо тифли шашмоҳааш зинда берун оранд. Баъди 144 соати заминларза бошад, онҳо кӯдаки 3-соларо аз зери харобаҳо зинда наҷот доданд, зикр намуд КҲФ.
Инчунин таъкид шуд, ки дар ин муддат аз зери харобаҳои зилзила ҷасади 217 нафарро берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Маврид ба зикр аст, ки заминларзаи харобиовар дар Туркия беш аз 44 ҳазор кушта барҷой гузошт.