https://sputnik.tj/20230227/payomi-dustum-tolibho-zulm-baqo-1055198957.html
Паёми Дустум ба толибҳо: Зулм бақо надорад
Паёми Дустум ба толибҳо: Зулм бақо надорад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон дар вокуниш ба ғасби замини ӯзбекҳо дар шимоли ин кишвар вокуниш нишон додааст
2023-02-27T16:59+0500
2023-02-27T16:59+0500
2023-02-27T17:15+0500
афғонистон
абдурашид дӯстум
ғасб
вокуниш
толибон
замин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055198608_0:52:1350:811_1920x0_80_0_0_f1ac43c498cfee8a9a3ffb0990195507.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маршал Абдулрашид Дӯстум дар вокуниш ба ғасби заминҳои мардуми ӯзбектабори шимоли Афғонистон дар саҳифаи твиттерии худ вокуниш нишон додааст."Дар чанд рӯзи ахири шикоёти фаровон аз вилоятҳои Фарёб ва Сари пул бароями расида, ки гурӯҳи мутаҳаҷҷиру мутаъассиби толибҳо заминҳои мардуми бумии ӯзбеконро ғасбу мардумро мавриди шиканҷау тавҳин қарор медиҳанд. Сад афсус, ки ин ғосибони худро муҷоҳиду мусулмон ҳам лақаб додаанд", - навиштааст оқои Дӯстум.ӯ дар идомаи хитоб ба толибон навиштааст: "аммо толибон инро бояд бидонанд, ки зулм бақо надораду мардуми дубора бар сарзамину сарнавишти худ ҳоким хоҳанд шуд. Ба мардуми худ ваъда медаҳум, ки нигарон набошанд ҳатто як метри замини ғасбкардаи мардуми худро дубора барояшон бармегардонем".Ёдовар мешавем, ки буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.Баъд ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тариқи кишварҳои ҳамсоя тарк карданд.Ҳамчунин мақомдорони аршади ин кишвар ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд. Аммо баъд аз чанд муддате бархе аз мақомдорони ҳукумати пешин ба ватан баргаштанд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055198608_80:0:1280:900_1920x0_80_0_0_c322934d2cf4731a68a0af0828465bb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, паём, дӯстум, зул, толибҳо, бақо, вокуниш
афғонистон, паём, дӯстум, зул, толибҳо, бақо, вокуниш
Паёми Дустум ба толибҳо: Зулм бақо надорад
16:59 27.02.2023 (Навсозишуда: 17:15 27.02.2023) Раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, дар вокуниш ба ғасби замини ӯзбекҳо дар шимоли ин кишвар вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Маршал Абдулрашид Дӯстум дар вокуниш ба ғасби заминҳои мардуми ӯзбектабори шимоли Афғонистон дар саҳифаи твиттерии худ вокуниш нишон додааст.
"Дар чанд рӯзи ахири шикоёти фаровон аз вилоятҳои Фарёб ва Сари пул бароями расида, ки гурӯҳи мутаҳаҷҷиру мутаъассиби толибҳо заминҳои мардуми бумии ӯзбеконро ғасбу мардумро мавриди шиканҷау тавҳин қарор медиҳанд. Сад афсус, ки ин ғосибони худро муҷоҳиду мусулмон ҳам лақаб додаанд", - навиштааст оқои Дӯстум.
ӯ дар идомаи хитоб ба толибон навиштааст: "аммо толибон инро бояд бидонанд, ки зулм бақо надораду мардуми дубора бар сарзамину сарнавишти худ ҳоким хоҳанд шуд. Ба мардуми худ ваъда медаҳум, ки нигарон набошанд ҳатто як метри замини ғасбкардаи мардуми худро дубора барояшон бармегардонем".
Ёдовар мешавем, ки буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.
Баъд ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тариқи кишварҳои ҳамсоя тарк карданд.
Ҳамчунин мақомдорони аршади ин кишвар ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд. Аммо баъд аз чанд муддате бархе аз мақомдорони ҳукумати пешин ба ватан баргаштанд.