https://sputnik.tj/20230227/narkh-khadamot-dovtalabon-bolo-somoni-1055196018.html
Нархи хадамот ба довталабон дар соли 2023 боло рафт: Кӣ чанд сомонӣ бояд супорад?
Нархи хадамот ба довталабон дар соли 2023 боло рафт: Кӣ чанд сомонӣ бояд супорад?
Sputnik Тоҷикистон
Марказии миллии тестии назди президенти Тоҷикистон арзиши хадамоташ дар соли равон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро эълон кард
2023-02-27T15:15+0500
2023-02-27T15:15+0500
2023-02-27T15:15+0500
дар тоҷикистон
маориф
нарх
марказ
маркази миллии тестӣ
имтиҳон
дохилшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_f32ee543b19f145c22f4a3b711c899c0.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нархи хадамоти иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ, барои хатмкардаҳои синфи 11 ё худ шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нишондод барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ 210 сомониро ташкил медиҳад. Нархҳо дар қиёс бо нишондоди соли 2022 мутаносибан 60 ва 30 сомонӣ боло рафтаанд. Таъкид шудааст, ки арзиши мазкур бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Дар баробари ин гуруҳҳое низ мушаххас шудаанд, ки дар пардохти ҳаққи хадамоти Маркази миллии тестӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ аз имтиёзҳо бархӯрдоранд. Аз ҷумла шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд. Инчунин шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва "кӯдакони маъюб" аз пардохти 50%-и маблағ озод мебошанд. ."Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё "кӯдаки маъюб" бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ озод аст", - омадааст дар иттилоия. Маркази миллии тестии Тоҷикистон таъкид намудаст, шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод намоянд.
https://sputnik.tj/20221011/naqsha-qabul-donishju-tojikiston-1052042278.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102533/06/1025330620_81:0:893:609_1920x0_80_0_0_1e6ec79a3df74157604e389a8ad07310.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ, афзоиш, нарх, хадамот, довталабон
болоравӣ, афзоиш, нарх, хадамот, довталабон
Нархи хадамот ба довталабон дар соли 2023 боло рафт: Кӣ чанд сомонӣ бояд супорад?
Марказии миллии тестии назди президенти Тоҷикистон арзиши хадамоташ дар соли равон барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Нархи хадамоти иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ, барои хатмкардаҳои синфи 11 ё худ шахсони дорои маълумоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар ин бора Маркази миллии тестии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ин нишондод барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ 210 сомониро ташкил медиҳад.
Нархҳо дар қиёс бо нишондоди соли 2022 мутаносибан 60 ва 30 сомонӣ боло рафтаанд.
Таъкид шудааст, ки арзиши мазкур бо Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
Дар баробари ин гуруҳҳое низ мушаххас шудаанд, ки дар пардохти ҳаққи хадамоти Маркази миллии тестӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ аз имтиёзҳо бархӯрдоранд.
Аз ҷумла шахсони то 21-солае, ки ятими кулл ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд.
Инчунин шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва "кӯдакони маъюб" аз пардохти 50%-и маблағ озод мебошанд. .
"Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё "кӯдаки маъюб" бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳоноти дохилшавӣ озод аст", - омадааст дар иттилоия.
Маркази миллии тестии Тоҷикистон таъкид намудаст, шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор пешниҳод намоянд.