https://sputnik.tj/20230227/kohish-narkh-rubl-tojikiston-1055188559.html
Коҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Коҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Нархи пули миллии Русия дар Тоҷикистон баъди чанд рӯзи болоравӣ майл ба поинравӣ карда, дар оғози ҳафтаи ҷадид ба таври назаррас кам шудаст
2023-02-27T10:30+0500
2023-02-27T10:30+0500
2023-02-27T10:31+0500
дар тоҷикистон
қурб
рубл
пул
сомонӣ
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар оғози ҳафтаи ҷадид эълон кард. Ба иттилои БМТ, қурби 1 ҳазор рубли русӣ 143,5 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи охири ҳафтаи гузашта 1,5 сомонӣ камтар мебошад. Арзиши доллари ИМА боло рафта, дар сатҳи 10.9077 сомонӣ қарор гирифтааст. Дар баробари ин пули аврупоӣ кам шуда, қурби он то 11.5131 сомонӣ кам шудаст. Дар баробари ин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон низ муқаррар гардидааст. Аз ҷумла як доллари ИМА аз 10.9077 то 10.9600 сомонӣ, як евро аз 11.5131 то 11.7700 сомонӣ ва 1 ҳазор рубли русӣ 143,5 то 146,5 сомонӣ харидуфурӯш мешаванд.БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад, таъкид намудаст Бонки миллии Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20230221/prezident-rusiya-hisobbarobarsozi-rubl-barobar-1055092416.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арзиш, рубл, нарх, сомонӣ, коҳиш
арзиш, рубл, нарх, сомонӣ, коҳиш
Коҳиши нархи рубл дар Тоҷикистон
10:30 27.02.2023 (Навсозишуда: 10:31 27.02.2023) Нархи пули миллии Русия дар Тоҷикистон баъди чанд рӯзи болоравӣ майл ба поинравӣ карда, дар оғози ҳафтаи ҷадид ба таври назаррас кам шудаст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ дар оғози ҳафтаи ҷадид эълон кард.
Ба иттилои БМТ, қурби 1 ҳазор рубли русӣ 143,5 сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи охири ҳафтаи гузашта 1,5 сомонӣ камтар мебошад.
Арзиши доллари ИМА боло рафта, дар сатҳи 10.9077 сомонӣ қарор гирифтааст. Дар баробари ин пули аврупоӣ кам шуда, қурби он то 11.5131 сомонӣ кам шудаст.
Дар баробари ин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон низ муқаррар гардидааст.
Аз ҷумла як доллари ИМА аз 10.9077 то 10.9600 сомонӣ, як евро аз 11.5131 то 11.7700 сомонӣ ва 1 ҳазор рубли русӣ 143,5 то 146,5 сомонӣ харидуфурӯш мешаванд.
БМТ огоҳ менамояд, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад, таъкид намудаст Бонки миллии Тоҷикистон.