Тими Тоҷикистон дар ифтитоҳи Бозиҳои "Кӯдакони Осиё" ширкат кард

© SputnikКоманда Таджикистана на открытии Международных спортивных игр "Дети Азии" в Кузбассе
Команда Таджикистана на открытии Международных спортивных игр Дети Азии в Кузбассе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Обуна шудан
Бозиҳои дуюми зимистонаи байналмилалии варзишии "Кӯдакони Осиё" дар Кузбасс ботантана ифтитоҳ ёфт, ки раисиҷумҳури Русия иштирокчиёнро табрик гуфт
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар Кузбасс маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои байналхалқии варзишии "Бачагони Осиё" доир гардид.
Дар ин чорабинӣ як ҳайати Тоҷикистон низ ширкат дошт, ки онҳо бо ҳавопаймои Душанбе-Новосибирск омаданд.
"Ин яке аз ҷолибтарин ва муваффақтарин лоиҳаҳо дар соҳаи варзиш аст, ки наврасону кӯдакони боистеъдодро аз манотиқи мухталифи Русия ва як қатор кишварҳои Осиёро гирд овард", - гуфт президенти Русия Владимир Путин дар табрикоти худ ба ширкаткунандагон.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки бозиҳо ба ҷашни воқеии варзиш, эҷодкорӣ ва муоширати дӯстона табдил хоҳанд ёфт.
Имсол бозиҳои варзишии "Кӯдакони Осиё" аз 23 феврал то 5 март баргузор шуда, онҳо якбора чаҳор қаламрав – Кемерово, Новокузнетск, Междуреченск ва ноҳияи Тоштаголск мизбонӣ мекунанд.
Аспирант Сеченовского университета из Таджикистана Элдор Джонназаров вошел в число лучших молодых ученых СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2022
Олими ҷавони тоҷик доварони озмуни муҳташами ИДМ-ро тасхир кард
Умуман ба Кузбасс аз 12 мамлакат — Арманистон, Афғонистон, Беларусия, давлатҳои Осиёи Миёна — Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон зиёда аз ҳазор нафар варзишгарон омаданд.
Ба ғайр аз мамлакатҳои хамсоя аз Кувайт, Лубнон ва Тайланд низ намояндагон иштирок доранд.
Русияро дар ин мусобиқа дастаҳои навоҳии мухталиф намояндагӣ мекунанд.
Ҷавонон дар бахшҳои гуногун, аз қабили лижаронӣ, шорт-трек, рақси яхмолакбозӣ, хоккей, ҷаҳидан бо лижаронӣ, сноуборд ва лижаронии кӯҳӣ рақобат хоҳанд кард. Кёрлинг, фристайл ва конкикашӣ низ бори аввал ба барномаи бозиҳо дохил карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0