Маълум шуд, ки кодом бозигарон аз Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2023 мераванд

© ФФТМолодежная сборная Таджикистан
Молодежная сборная Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Обуна шудан
Қарор аст, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми Осиё-2023 таҳти роҳбарии мутахассиси шинохӣаи беларусӣ 23 бозигари тавоно намояндагӣ кунад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев ҳайати бозигаронро барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023-ро интихоб кард.
Ин мусобиқот аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Ба гузориши дафтари матбуоти ФФТ ба ҳайати яккачини кишвар 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.
Гуфта мешавад, ки дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи "С" бо тимҳои Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) бозӣ мекунад.
Пас аз натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон роҳ меёбад, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
Тими КМВА-и Душанбе барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2023 шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2023
КМВА барандаи Ҷоми ФФТ - 2023 шуд
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2023 аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров ("Хатлон"), Шаҳобиддин Маҳмудзода ("Динамо"), Суҳробхӯҷа Юсупов ("Хуҷанд");
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов ("Хуҷанд"), Раҳматшо Раҳматзода ("Ҳосилот"), Меҳрубон Ғаффорзода ("Равшан"), Содиқҷон Қурбонов ("Истиқлол"), Шаҳриёри Иноятулло ("Равшан"), Меҳрубон Каримов ("Самгурали", Гурҷистон), Асадбек Зиёзода (Истаравшан);
Нимҳимоятгарон: Азизбек Ҳаитов ("Хуҷанд"), Салам Ашӯрмамадов ("Думиенсе", Португалия), Ҳамзаҷон Аҳтамов ("Истаравшан"), Кабир Салимшоев ("Динамо"), Амадонӣ Камолов ("Истиқлол"), Салоҳиддин Иргашев ("Истиқлол"), Алиҷони Айнӣ ("Истиқлол"), Абдулло Шарипов (КМВА), Фатҳулло Олимзода ("Равшан");
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода ("Динамо"), Сунатулло Азизов ("Хатлон"), Далер Шарифов ("Металлург", Ӯзбекистон), Фаридун Давлатов ("Регар-ТадАЗ").
Лентаи хабарҳо
0