Зарбаҳои 11-метрӣ: Чӣ гуна "Равшан" дастаи "Панҷшер"-ро шикаст дод? - видео

Обуна шудан
Бозии марҳилаи асосӣ ва иловагӣ барои медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ дар соли 2023 бидуни гол анҷомид ва ғолиби ин сабқатро зарбаҳои 11-метрӣ муайян карданд
Тими "Равшан"-и Кӯлоб дар марҳилаи зарбаҳои 11-метрӣ бар дастаи "Панҷшер" ғолиб омада, барандаи медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2023 шуд.
Ин сабқат бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи тими Кӯлоб анҷомида, бозигарони он ҷоиза дар ҳаҷми 20 ҳазор сомониро аз дасти раиси Ҳисор, Қосим Раҳбар гирифтанд.
Барандаи медали тилои мусобиқа КМВА-и Душанбе таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев гардид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард.
Голҳои Хуршед Абдуллоев ва Сӯҳроб Каримов ба бошгоҳи артиш пирӯзӣ оварданд, иттилоъ дод ФФТ.
КМВА барандаи Ҷоми ФФТ - 2023 шуд
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд.
Хуршед-Тимур Ҷӯраев, нимҳимоятгари КМВА беҳтарин бозигари финали Ҷоми Федератсия-2023 дониста шуд.
Ғолиби Ҷоми ФФТ-2023 – дастаи КМВА ҳамзамон бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷои дуюм "Регар-ТадАЗ" бо 30 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0