https://sputnik.tj/20230224/band-mondan-12-tojikistoni-doghiston-1055140314.html
Банд мондани 12 тоҷикистонӣ дар Доғистон: мақомот мегӯянд, онҳоро бармегардонанд
Банд мондани 12 тоҷикистонӣ дар Доғистон: мақомот мегӯянд, онҳоро бармегардонанд
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи қавонини будубош дар ҷумҳурии Доғистон феълан дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд 24.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-24T10:00+0500
2023-02-24T10:00+0500
2023-02-24T10:00+0500
дар тоҷикистон
доғистон
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_39cff9801a779026f6830efb5f9ae2f9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Доғистон 12 муҳоҷир аз Тоҷикистон қарор доранд.Дар ин бора агентии "Ховар" бо истинод ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хаар дод.Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон қовонини будубошро нақз намудаанд ва ба ин хотир ҳоло дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд.Манбаъ меафзояд, Ҷамол Алиев ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои Доғистонии худ барои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мактуб ирсол намудааст.Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба ватан баргардонидани онҳо баррасӣ мешавад.Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.Зикр гардид, ки шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон хуб аст.
https://sputnik.tj/20230119/muhojir-tojik-bozdoshtgoh-muvaqqat-maskav-vatan-firistoda-shudand-1054330352.html
доғистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_b1a8bd5bbe920a9f4c0e2747c491afc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, доғистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ
дар тоҷикистон, доғистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ
Банд мондани 12 тоҷикистонӣ дар Доғистон: мақомот мегӯянд, онҳоро бармегардонанд
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели нақзи қавонини будубош дар ҷумҳурии Доғистон феълан дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Доғистон 12 муҳоҷир аз Тоҷикистон қарор доранд.
Дар ин бора агентии "Ховар" бо истинод ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хаар дод.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон қовонини будубошро нақз намудаанд ва ба ин хотир ҳоло дар Маркази нигаҳдории муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд.
Манбаъ меафзояд, Ҷамол Алиев ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба ҳамтои Доғистонии худ барои баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан мактуб ирсол намудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло масъалаи барқарор намудани ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият ва ба ватан баргардонидани онҳо баррасӣ мешавад.
Ҷамол Алиев иброз доштааст, ки раванди мазкур зери назорати ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Доғистон қарор дорад.
Зикр гардид, ки шароити нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар Доғистон хуб аст.