https://sputnik.tj/20230221/tojikiston-qazoqiston-mazut-kumak-1055102355.html
Тоҷикистон аз Қазоқистон 5 ҳазор тонна мазут кумак гирифт
Тоҷикистон аз Қазоқистон 5 ҳазор тонна мазут кумак гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қазоқистон бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ кумаки башардӯстона карда аст
2023-02-21T22:00+0500
2023-02-21T22:00+0500
2023-02-21T22:00+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
кӯмаки башардӯстона
мазут
тақдим
сафорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055101714_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_7476648255d69dc82e46425f14555ad5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар пойтахти кишвар маросими супоридани кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна мазут баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Қазоқистон дар Душанбе.Дар маросими супоридани кумак Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар намояндагони масъул иштирок намуданд.Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов гуфт, ки “ёрии башардӯстона, ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”.Дар маросими супоридани кумаки башардӯстона таъкид карда шуд, ки аз ҷониби раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки кумаки башардӯстона ба маблағи 1,8 млн доллар расонида шавад.Ҳамзамон Нурмаҳмад Аҳмадзода муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонае, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон аз соли 2006 то имрӯ расонидааст, агар бо маблағ ҳисоб кунем бештар аз 44 миллион доллар мебошад.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055101714_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_d24a34403accafbf804d5d462c6afa58.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, кумаки башардӯстона, мазут, зимистон, кори муътадил, энергетика
тоҷикистон, қазоқистон, кумаки башардӯстона, мазут, зимистон, кори муътадил, энергетика
Тоҷикистон аз Қазоқистон 5 ҳазор тонна мазут кумак гирифт
Мақомоти Қазоқистон бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ кумаки башардӯстона карда аст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар пойтахти кишвар маросими супоридани кумаки Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 5 ҳазор тонна мазут баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти
сафорати Қазоқистон дар Душанбе.
Дар маросими супоридани кумак Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов, Директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода ва дигар намояндагони масъул иштирок намуданд.
Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов гуфт, ки “ёрии башардӯстона, ин саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ, нишони бародарӣ ва эҳтироми мутақобила буда, хоси муносибатҳои дӯстонаи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад”.
Дар маросими супоридани кумаки башардӯстона таъкид карда шуд, ки аз ҷониби раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бинобар сард омадани зимистони имсола ва кори муътадили иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки кумаки башардӯстона ба маблағи 1,8 млн доллар расонида шавад.
Ҳамзамон Нурмаҳмад Аҳмадзода муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро судманд арзёбӣ намуда, гуфт, ки ба равобити ду давлат, ки бар асоси анъанаҳои устувори таърихӣ бунёд ёфтаанд, рӯҳияи дӯстии мустаҳкам ва эҳтироми мутақобила хос мебошад.
Ҳаҷми умумии кумаки башардӯстонае, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон аз соли 2006 то имрӯ расонидааст, агар бо маблағ ҳисоб кунем бештар аз 44 миллион доллар мебошад.