Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин гуфт, Русия барои бо роҳи сулҳ ҳал кардани масъалаи Донбасс тамоми чораҳоро андешид

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар паёмаш ба парлумон гуфт, ки кишвараш барои ҳалли масоили Донбасс бо роҳи сулҳ тамоми чораҳоро андешидааст
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, зимни ироаи паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ гуфт, Маскав барои ҳалли мушкили Донбасс ҳама коре, ки аз дасташ меомад анҷом дод.
"Мо ҳама корро кардем ва воқеан ҳамаи имкониятҳоеро, ки ин мушкилро метавонист бо роҳи сулҳ ҳал кунад, анҷом додем. Мо босаброна дар бораи бо роҳи сулҳ анҷом додани ин даргири гуфтушунидҳои душвор кардем. Аммо аз паси мо нақшаҳои комилан дигар омода мешуд", - гуфт Путин.
Владимир Путин ҳамчунин зимни ироаи паёмаш гуфт, ки аҳдофи амалиёти вижаи Русия дар Украина қадам ба қадам анҷом дода мешавад.
Владимир Путин паёми солонаашро ба Маҷлиси Федералӣ (парлумон) ироа кард. Имсол паёми кишвардори Русия дар толори Қасри меҳмондорӣ баргузор шуд.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Путин: Русия қадам ба қадам ҳадафҳояшро дар амалиёти вижа анҷом хоҳад дод
Намоиш тавассути шабакаҳои телевизионии федералӣ мустақиман пахш карда мешавад ва дар платформаҳои онлайн низ ҳар кас метавонад онро тамошо намояд.
Кишвардори Русия дар бораи вазъи ҷаҳон ва иқтисод ва тадбирҳои дастгирии давлатӣ суханронӣ кард.
Вай дар суханронии худ ба мавзӯи амалиёти вижаи Русия дар қаламрави Украина низ суҳбат кард.
Бори охир Путин паёми худро моҳи апрели соли 2021 ироа карда буд. Дар моҳи декабри соли 2022 маълум шуд, ки паём то соли 2023 мавқуф гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0