https://sputnik.tj/20230221/putin-rusiya-pul-gharb-sarf-1055094335.html
Путин: Дар Русия пул кор мекарданду дар Ғарб сарф менамуданд
Путин: Дар Русия пул кор мекарданду дар Ғарб сарф менамуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳеч яке аз мардумии одии Русия барои ҳамватанҳои дорояшон, ки ҳисобҳои бонкию қасру кушкҳояшонро дар Ғарб бастаанд, ғамгин нахоҳад шуд
2023-02-21T19:05+0500
2023-02-21T19:05+0500
2023-02-21T19:05+0500
дар русия
иқтисод
пул
дороӣ
ғарб
таҳрим
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055087774_0:0:908:510_1920x0_80_0_0_fe65423e28ba7fbc087828d3fc7823d3.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Барои бархе аз афроди доро Русия ба манбаи даромаду кишварҳои ғарбӣ ба макони сарфи ин маблағҳо табдил ёфта буданд. Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин зимни ироаи паём ба Маҷлиси федералӣ баён дошт. Ӯ гуфт, ин гуруҳ ба хариди қасру кушкҳо киштиҳои боҳашамату дигар тафреҳот машғул гардиданд, ки давлат ҳам чизе карда натавонист.Вай афзуд, мардум ҳамчунин раванди хусусисозиеро низ ёд хоҳанд овард, ки корхонаҳои як замон аз ҷониби тамоми мамлакат бунёдгардида бо нархи ночиз аз худ карда мешуданд. "Гуфта будам, ки чанг хӯрда миёни дафтарҳои кории мансабдорони аврупоӣ хоҳед давид, то пули худро бозпас бигирад. Чунин ҳам шуд", - изҳор дошт раисҷумҳур. Вай ҳушдор дод, ки сарфи назар аз ҳама, русиягиҳо дар кишварҳои ғарбӣ афроди дуюмдараҷа боқӣ хоҳанд монд ва аз онҳо даъват намуд, ки кору иқоматашонро дар Ватан роҳандозӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20230221/putin-jabha-iqtisodi-nizomi-ittilooti-rusiya-dastbolo-1055090895.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055087774_113:0:793:510_1920x0_80_0_0_caa3bc8285402c694bba26a875dd10a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кас, ғам, қаср, кушк, владимир путин
кас, ғам, қаср, кушк, владимир путин
Путин: Дар Русия пул кор мекарданду дар Ғарб сарф менамуданд
Ҳеч яке аз мардумии одии Русия барои ҳамватанҳои дорояшон, ки ҳисобҳои бонкию қасру кушкҳояшонро дар Ғарб бастаанд, ғамгин нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Барои бархе аз афроди доро Русия ба манбаи даромаду кишварҳои ғарбӣ ба макони сарфи ин маблағҳо табдил ёфта буданд.
Ин нуктаро президенти Русия, Владимир Путин зимни ироаи паём ба Маҷлиси федералӣ баён дошт.
Ӯ гуфт, ин гуруҳ ба хариди қасру кушкҳо киштиҳои боҳашамату дигар тафреҳот машғул гардиданд, ки давлат ҳам чизе карда натавонист.
"Ман ба шумо як чизи оддӣ мегӯям, ҳеҷ як аз шаҳрвандони қатории Русия барои онҳое, ки дар бонкҳои ғарбӣ пулашон дармондаст ё яхтаҳои худро аз даст додаанд, дилтанг намешавад", - изҳор дошт Путин.
Вай афзуд, мардум ҳамчунин раванди хусусисозиеро низ ёд хоҳанд овард, ки корхонаҳои як замон аз ҷониби тамоми мамлакат бунёдгардида бо нархи ночиз аз худ карда мешуданд.
"Гуфта будам, ки чанг хӯрда миёни дафтарҳои кории мансабдорони аврупоӣ хоҳед давид, то пули худро бозпас бигирад. Чунин ҳам шуд", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Вай ҳушдор дод, ки сарфи назар аз ҳама, русиягиҳо дар кишварҳои ғарбӣ афроди дуюмдараҷа боқӣ хоҳанд монд ва аз онҳо даъват намуд, ки кору иқоматашонро дар Ватан роҳандозӣ намоянд.