Чанд миллиард? Арзиши сохтмони майдони "Истиқлол" дар Душанбе маълум шуд

© Пресс-служба Президента РТКомплекс "Истиклол" Душанбе
Комплекс Истиклол Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе арзиши яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ - майдони "Истиқлол"-ро, ки қаблан дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, эълон намуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Хароҷоти сохтмони майдони "Истиқлол" дар маркази шаҳри Душанбе зиёда аз 1,2 млрд сомониро ташкил додаст.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 иттилоъ дод.
Майдони мазкур маҷмааи меъмории рамзи "Истиқлол" дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, маҷмааи "Истиқлол" 121 метр баландӣ дорад, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри гузашта ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Основные события 2022 года
в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Воқеъаҳои муҳими соли 2022 дар Тоҷикистон
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи “Истиқлол” 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.
“Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонони олиқадр ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат мебошад”,- зикр намудааст манбаъ.
Дар ошёнаи дуюми Маҷмааи "Истиқлол" Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Ҳамзамон осорхонаи шаҳри Душанбе аз галерея ва “Тахти тоҷикон” иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0