Президент Расулзода, Шералӣ Кабир ва Маҳмудзодаро ба Хоруғ фиристод

© Сайт президента Кыргызской РеспубликиПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазири ҷумҳурӣ ба шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ сафар кардааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода дар садри як ҳайати ҳукумати вориди шаҳри Хоруғ шуд.
Дар ин бора шаҳрдори Хоруғ, Ризо Назарзода иттилоъ дода, афзуд, ки сафар бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Ба ҳайат дар баробари Қоҳир Расулзода, инчунин намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар ВМКБ - котиби Шӯрои амнияти кишвар Маҳмудзода Насрулло, намояндаи ҳукумат дар шаҳри Хоруғ - вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир ва дигар шахсони расмӣ ворид мебошанд.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ арзёбӣ гардидааст.
Лавина на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Идомаи тармафароиҳои харобиовар дар Бартангу Дарвоз
Инчунин шиносоӣ бо вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагон дар беморхонаҳо, мулоқот бо зарардидагони офати табиӣ, расонидани кумаки президент ба зарардидагон аз бандҳои барномаи сафари ҳайати ҳукуматӣ арзёбӣ шудаанд.
Шиносоӣ бо рафти сохтмони иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар шаҳри Хоруғ ва дигар масъалаҳои муҳими ВМКБ аз аҳдофи дигари сафар муаррифӣ гардиданд.
Ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки шаҳру навоҳии ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғро рӯзҳои охир барфу тармафароиҳои маргбор фаро гирифт, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошта, ба хоҷагии қишлоқ зарар расондаст.
Лентаи хабарҳо
0