Ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд баста шуд

© Foto / Хадамоти матбуоти ширкати IRSРабота техники на трассе Душанбе - Чанак
Работа техники на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Ҳаракат аз тариқи роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ, ки ягона роҳи пайвандгари шимоли Тоҷикистон бо маркази кишвар мебошад, пурра масдуд шудааст
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бо мақсади пурра бартараф намудани паёмадҳои тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Дар ин бора бо нашри як иттилоия, ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions", ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, хабар дод.
"Ҳоло васеъ намудани роҳ дар макони тармафароӣ идома дошта, пас аз анҷоми ин кор гузариши нақлиёт иҷозат дода мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаракат дар роҳи мазкур баъди чанд рӯзи масдудият 19 феврал аз сар гирифта шуд. Масъулин нахуст ҳаракати яксамта, сипас танҳо барои худравҳои сабукрав ва дар ниҳоят барои ҳамаи намуди нақлиёт иҷозати ҳаракат доданд.
Рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезию тармафароиҳои шадид фаро гирифтанд.
Лавина на трассе Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2023
Идомаи тармафароиҳои харобиовар дар Бартангу Дарвоз
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
Лентаи хабарҳо
0