https://sputnik.tj/20230220/bayden-zelenskiy-kiev-didor-guftug-video-1055063766.html
Байден ва Зеленский дар Киев дидору гуфтугӯ карданд – видео
Байден ва Зеленский дар Киев дидору гуфтугӯ карданд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Украина тасдиқ кард, ки Ҷо Байден кишвардори ИМА дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Киев қарор дорад
2023-02-20T16:59+0500
2023-02-20T16:59+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷо байден
киев
владимир зеленский
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/16/1053689253_0:0:1586:892_1920x0_80_0_0_220e7256ea8647baea149370e9fbb7a3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Киев сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Нвосоти”.Кишвардори Украина Владимир Зеленский сафари президенти ИМА Ҷо Байден ба Киевро тасдиқ карда, онро як зуҳури муҳими пуштибонӣ аз украиниҳо номид.Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Ҷо Байден вориди пойтахти Украина шудааст."Ҷозеф Байден, хуш омадед ба Киев! Боздиди шумо як зуҳури бениҳоят муҳими пуштибонӣ барои ҳамаи украиниҳост", — навиштааст Зеленский дар саҳифаи Telegram-и худ.Аввалин навори Байденро дар майдони Михайловская расонаӣ шуд, ки дар он раҳбари Амрико зери садои ҳамлаи ҳавоӣ қадам мезанад.Ба гуфтаи Кристофер Миллер, хабарнигори Financial Times, Ҷо Байден субҳи барвақт бо қатора вориди Киев шуд.Қаблан расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки ба далели вуруди ҳайатҳои хориҷӣ кӯчаҳо дар маркази пойтахт баста шудаанд.Баъдан вакили парлумони Украина Олександр Дубинский гуфт, гӯё ин ба сафари мудири Сандуқи Байналмилалии Пул Кристалина Георгиева рабт дорад.Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден сафари дурӯзаи худро аз Лаҳистон оғоз хоҳад кард ва дар ҷараёни он бо раҳбарони кишварҳои шарқии НАТО мулоқот кунад ва дар бораи низоъ дар Украина сӯҳбат анҷом диҳад.Тавре қаблан Касри Сафед хабар дода буд, сафар то 22 февраль давом хоҳад кард. Байден дар чаҳорчӯби сафари худ ба ин кишвар бо Анжей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон ва ҳамчунин, бо "роҳбарони кишварҳои шарқии НАТО" мулоқот кунад.
https://sputnik.tj/20230218/sholts-zelenskiy-zamon-poyon-nizo-ukraina-rozi-nest-1055030751.html
киев
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/16/1053689253_47:0:1455:1056_1920x0_80_0_0_c1d9bb25d88b9315a0e37b3b27992863.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, донбасс, киев, раисҷумҳур, има, амрико, ҷо байден, зеленский, сафар
украина, донбасс, киев, раисҷумҳур, има, амрико, ҷо байден, зеленский, сафар
Байден ва Зеленский дар Киев дидору гуфтугӯ карданд – видео
16:59 20.02.2023 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раисҷумҳури Украина тасдиқ кард, ки Ҷо Байден кишвардори ИМА дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Киев қарор дорад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден ба Киев сафар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Нвосоти”.
Кишвардори Украина Владимир Зеленский сафари президенти ИМА Ҷо Байден ба Киевро тасдиқ карда, онро як зуҳури муҳими пуштибонӣ аз украиниҳо номид.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки Ҷо Байден вориди пойтахти Украина шудааст.
"Ҷозеф Байден, хуш омадед ба Киев! Боздиди шумо як зуҳури бениҳоят муҳими пуштибонӣ барои ҳамаи украиниҳост", — навиштааст Зеленский дар саҳифаи Telegram-и худ.
Аввалин навори Байденро дар майдони Михайловская расонаӣ шуд, ки дар он раҳбари Амрико зери садои ҳамлаи ҳавоӣ қадам мезанад.
Ба гуфтаи Кристофер Миллер, хабарнигори Financial Times, Ҷо Байден субҳи барвақт бо қатора вориди Киев шуд.
Қаблан расонаҳои украинӣ хабар доданд, ки ба далели вуруди ҳайатҳои хориҷӣ кӯчаҳо дар маркази пойтахт баста шудаанд.
Баъдан вакили парлумони Украина Олександр Дубинский гуфт, гӯё ин ба сафари мудири Сандуқи Байналмилалии Пул Кристалина Георгиева рабт дорад.
Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден сафари дурӯзаи худро аз Лаҳистон оғоз хоҳад кард ва дар ҷараёни он бо раҳбарони кишварҳои шарқии НАТО мулоқот кунад ва дар бораи низоъ дар Украина сӯҳбат анҷом диҳад.
Тавре қаблан Касри Сафед хабар дода буд, сафар то 22 февраль давом хоҳад кард. Байден дар чаҳорчӯби сафари худ ба ин кишвар бо Анжей Дуда, раисҷумҳури Лаҳистон ва ҳамчунин, бо "роҳбарони кишварҳои шарқии НАТО" мулоқот кунад.