https://sputnik.tj/20230219/zarshuyoni-vmkb-matali-garonbaho-1055040822.html
Заршӯёни ВМКБ чӣ қадар метали гаронбаҳо супоридаанд?
Заршӯёни ВМКБ чӣ қадар метали гаронбаҳо супоридаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон истихроҷи канданиҳои фоиданокро бо роҳи худфаъол омили муҳим дар таъмини ҷойҳои корӣ хонд
2023-02-19T10:30+0500
2023-02-19T10:30+0500
2023-02-19T11:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
тило
харидорӣ
саноат
иҷозат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102187/99/1021879938_0:220:2919:1862_1920x0_80_0_0_a81e9ea28c3656c822f90ce03c13075d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Заршӯён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз замоне, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъол иҷозат дода шуд, ба маблағи ҳудуди 3 млн сомонӣ маҳсулот супоридаанд. Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир иттилоъ дода, афзуд, ки заршӯӣ бо роҳи худфаъол барои ҳали мушкилоти локалию таъмини ҷойҳои корӣ мувофиқ аст. Вай афзуд, ҳадафи иҷозат додан ба шаҳрвандон барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда таъмини мардум бо ҷои кор аст. Ӯ илова намуд, ки ният доранд, корҳои фаҳмондадиҳиро барои таҳкими малакаи заршӯии шаҳрвандон бештар созанд.Дар зимн бештари онҳое, ки дар соли гузашта иҷозати истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъолию худбиёриро гирифтаанд, ба ВМКБ рост меоядВазорати молияи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 262 нафар иҷозати мустақилона машғул шудан ба заршӯиро додааст.Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар ВМКБ - 74 нафар, дар Хатлон - 35 нафар, дар Суғд - 42 нафар ва дар Душанбе - 55 нафар иҷозати заршӯӣ бо роҳи худфаъолӣ гирифтаанд.Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ аз соли 2019 ба зиёда 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.Таъкид шуда буд, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.
https://sputnik.tj/20230101/vakili-tojik-mardum-doroiya-tilo-nigoh-evro-1053968242.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102187/99/1021879938_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_6fd1293900ef95bcd2da336e8e0fa66d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
натиҷа, кор, заршӯён, вмкб, тило, кофтукоб
натиҷа, кор, заршӯён, вмкб, тило, кофтукоб
Заршӯёни ВМКБ чӣ қадар метали гаронбаҳо супоридаанд?
10:30 19.02.2023 (Навсозишуда: 11:50 19.02.2023) Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон истихроҷи канданиҳои фоиданокро бо роҳи худфаъол омили муҳим дар таъмини ҷойҳои корӣ хонд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Заршӯён дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз замоне, ки истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъол иҷозат дода шуд, ба маблағи ҳудуди 3 млн сомонӣ маҳсулот супоридаанд.
Дар ин бора вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, Шералӣ Кабир иттилоъ дода, афзуд, ки заршӯӣ бо роҳи худфаъол барои ҳали мушкилоти локалию таъмини ҷойҳои корӣ мувофиқ аст.
Вай афзуд, ҳадафи иҷозат додан ба шаҳрвандон барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда таъмини мардум бо ҷои кор аст. Ӯ илова намуд, ки ният доранд, корҳои фаҳмондадиҳиро барои таҳкими малакаи заршӯии шаҳрвандон бештар созанд.
Дар зимн бештари онҳое, ки дар соли гузашта иҷозати истихроҷи канданиҳои фоиданок бо роҳи худфаъолию худбиёриро гирифтаанд, ба ВМКБ рост меояд
Вазорати молияи Тоҷикистон дар соли гузашта ба 262 нафар иҷозати мустақилона машғул шудан ба заршӯиро додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта дар ВМКБ - 74 нафар, дар Хатлон - 35 нафар, дар Суғд - 42 нафар ва дар Душанбе - 55 нафар иҷозати заршӯӣ бо роҳи худфаъолӣ гирифтаанд.
Дар зимн Саридораи геологияи Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки барои фаъолияти фардии тиллошӯӣ баъзе талабот ҷорӣ карда шудааст, ки бояд риоя гарданд. Аз ҷумла техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд бошад.
Қаблан Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ аз соли 2019 ба зиёда 7 ҳазор шаҳрванд иҷозат дода шудааст, ки мустақилона ба истихроҷи тилою канданиҳои фоиданок машғул шаванд.
Таъкид шуда буд, ки ҳамчунин дар минтақаҳои кишвар наздики 30 нуқтаи хариди тило ташкил карда шудааст, ки аз шаҳрвандон бемаҳдудият тилои ёфтаашонро мехарад.