https://sputnik.tj/20230219/roh-dushanbe--chanoq-qisman-boz-1055041718.html
Роҳи Душанбе - Чаноқ қисман боз шуд
Роҳи Душанбе - Чаноқ қисман боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони ширкати роҳбони IRS шабонарӯзӣ ба тоза кардани барф пас аз боришоти шадид ва тармафарҳоиҳои зиёд дар рои Душанбе-Чаноқ машғул мебошанд
2023-02-19T11:30+0500
2023-02-19T11:30+0500
2023-02-19T11:30+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
тарма
душанбе
хуҷанд
роҳ
тарма
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054638445_0:46:960:586_1920x0_80_0_0_aad4a446ee596b3a1df421cd97ecb5ee.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пас аз чанд рӯзи масдудият ба далели шароити бади обуҳаво, дигарбора боз шуд.Бино ба иттилои дафтари матбуотии ширкати "Innovative Road Solutions", ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории масири Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, феълан ҳаракати яксамта иҷозат дода шудааст. Тавзеҳ дода шуд, ки мошинҳо метавонанд аз самти Душанбе ба сӯи Хуҷанд ҳаракат намоянд ва дар ояндаи наздик дар назар аст, ки ҳаракат аз шимол ба ҷануб низ боз мешавад.Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт. Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд. Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.
https://sputnik.tj/20230217/tarma-nav-hushdori-khf-tojikistoniyon-1055008609.html
душанбе
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/02/1054638445_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_1505b6ffb1c8a46c30779f9cef628a0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷозат, ҳаракат, душанбе, чаноқ, яксамта
иҷозат, ҳаракат, душанбе, чаноқ, яксамта
Роҳи Душанбе - Чаноқ қисман боз шуд
Мутахассисони ширкати роҳбони IRS шабонарӯзӣ ба тоза кардани барф пас аз боришоти шадид ва тармафарҳоиҳои зиёд дар рои Душанбе-Чаноқ машғул мебошанд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ пас аз чанд рӯзи масдудият ба далели шароити бади обуҳаво, дигарбора боз шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии ширкати "Innovative Road Solutions", ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории масири Душанбе - Чаноқ машғул мебошад, феълан ҳаракати яксамта иҷозат дода шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки мошинҳо метавонанд аз самти Душанбе ба сӯи Хуҷанд ҳаракат намоянд ва дар ояндаи наздик дар назар аст, ки ҳаракат аз шимол ба ҷануб низ боз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои охир навоҳии куҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ-ро барфрезии шадид фаро гирифт.
Ҳавошиносон мегӯянд, хатари фаромадани тармаю сангрезиҳо дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 21 феврал боқӣ мемонад. То ҳол даҳҳо тарма ба қайд гирифта шудаанд, ки бисёре аз навоҳии ВМКБ-ро дар инзивоъ қарор доданд.
Аз ҷумла дар қаламрави ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи омадани тарма сабт гардида, роҳҳои Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, Рӯшон - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ –Мурғоб баста мебошанд.
Барқ дар бархе аз минтақаҳои ВМКБ қатъ шуда, алоқаи мобилӣ низ дар бархе аз минтақаҳои вилоят дастнорас мебошад.