https://sputnik.tj/20230218/yandeks-taksi-faoliyat-ghayriqonuni-1055035485.html
"Яндекc Go" фаъолияти ғайриқонунӣ дорад: мақомот аз боздошти 14 ронанда хабар дод
"Яндекc Go" фаъолияти ғайриқонунӣ дорад: мақомот аз боздошти 14 ронанда хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
РВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти 14 ронандаи ин ширкат хабар дод, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд. Ин ниҳод мегӯяд, ширкати мазкур расман ба қайд гирифта нашудааст
2023-02-18T18:30+0500
2023-02-18T18:30+0500
2023-02-18T18:42+0500
дар тоҷикистон
такси
нақлиёт
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031896723_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_05bf6a914cec0f191c65dca1fcabc68b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ширкати "Яндекc Go", ки ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст, фаъолияти ғайриқонунӣ дорад.Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, афзуд, ки ин ширкат расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аз ин рӯ фаъолияти он ғайриқонунист.Зимнан, ин ниҳод аз боздошт кардани 14 ронанда хабар дод, ки дар ширкати мазкур фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд. Раёсат мегӯяд, ронандагон аллакай барои анҷоми фаъолияти мусофирбарӣ бо дигар ширкатҳои нақлиётӣ шартнома баста, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ин ширкати ғайриқонунӣ барқарор намудаанд.Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Табарзода, муовини раиси пойтахт низ дар нишасти ахири матбуотӣ ғайриқонунӣ будани ин ширкатро зикр намуд. Ӯ гуфт, ин ширкат ҳоло барои фаъолияти расмӣ дар кишвар сабти ном нашудааст.Музокирот дар бораи вуруди ширкати "Яндекc Go" дар авоили соли 2023 интизор мерафт ва 15 феврал ин хидмат дар Душанбе дастрас шуд. Таври хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, вақти интизории мошини ин ширкат тақрибан 3-4 дақиқаро дар бар гирифта аз маҳаллаи 102 то Хонаи матбуот 21 сомонӣ пардохт кардааст.Ба гуфтаи Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, вуруди "Яндекс" ба Тоҷикистон ба манфиати ҷомеа аст. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони "Яндекс" дар кишвар харитаи интернетиро таҳия мекунанд.
https://sputnik.tj/20230113/safiri-rusiya-shahrdorii-dushanbe-raqamisozi-1054179185.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031896723_45:0:2776:2048_1920x0_80_0_0_0522f6315532f4a5d5a3c84913d12166.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"яндекc go" душанбе таксӣ
"яндекc go" душанбе таксӣ
"Яндекc Go" фаъолияти ғайриқонунӣ дорад: мақомот аз боздошти 14 ронанда хабар дод
18:30 18.02.2023 (Навсозишуда: 18:42 18.02.2023) РВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти 14 ронандаи ин ширкат хабар дод, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд. Ин ниҳод мегӯяд, ширкати мазкур расман ба қайд гирифта нашудааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ширкати "Яндекc Go", ки ҳоло дар Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул аст, фаъолияти ғайриқонунӣ дорад.
Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе
хабар дода, афзуд, ки ин ширкат расман дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аз ин рӯ фаъолияти он ғайриқонунист.
"Ин ширкат дар қаламрави Тоҷикистон расман сабти ном нашудааст ва фаъолияташ тибқи талаботи қонун ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад", - омадааст дар хабари сомонаи расмӣ.
Зимнан, ин ниҳод аз боздошт кардани 14 ронанда хабар дод, ки дар ширкати мазкур фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд. Раёсат мегӯяд, ронандагон аллакай барои анҷоми фаъолияти мусофирбарӣ бо дигар ширкатҳои нақлиётӣ шартнома баста, ҳамчунин ҳамкорӣ бо ин ширкати ғайриқонунӣ барқарор намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Табарзода, муовини раиси пойтахт низ дар нишасти ахири матбуотӣ ғайриқонунӣ будани ин ширкатро зикр намуд. Ӯ гуфт, ин ширкат ҳоло барои фаъолияти расмӣ дар кишвар сабти ном нашудааст.
Музокирот дар бораи вуруди ширкати "Яндекc Go" дар авоили соли 2023 интизор мерафт ва 15 феврал ин хидмат дар Душанбе дастрас шуд. Таври хабарнигори Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, вақти интизории мошини ин ширкат тақрибан 3-4 дақиқаро дар бар гирифта аз маҳаллаи 102 то Хонаи матбуот 21 сомонӣ пардохт кардааст.
Ба гуфтаи Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, вуруди "Яндекс" ба Тоҷикистон ба манфиати ҷомеа аст. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони "Яндекс" дар кишвар харитаи интернетиро таҳия мекунанд.