Наҷотбахшон дар Туркия зери харобаҳо 2 млн доллар пайдо карданд

© AFP 2023 / Mahmut Bozarslan/AFPTVРазрушения после землетрясения в турецком Диярбакыре
Разрушения после землетрясения в турецком Диярбакыре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Обуна шудан
Кори наҷотбахшон аз Тоҷикистону Русия ва дигар давлатҳо дар Туркия барои бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 18 фев – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Ғозиантепи Туркия ҳудуди 2 миллион долларро аз зери харобаҳои як бинои фурӯрафта пайдо карданд ва ба кормандони пулис супурданд, хабар медиҳад Анадолу.
Имдодбахшон ин миқдор пулро аз назди ҷасади як мард аз зери харобаҳои маҷмааи истиқоматии Айше-Меҳмет Полат пайдо намуданд.
"Имдодбахшони мо қабл аз ҳама кӯшиш мекунанд ҷони одамонро наҷот диҳанд, аммо чизҳои қиматбаҳоро низ пайдо мекунанду зуд ба пулис месупоранд", - гуфт Ҷафар Йилмаз, сардори хадамоти оташнишонии Газиантеп ба агентӣ.
Қаблан вазорати ҳолатҳои изтирории Русия хабар дода буд, ки наҷотдиҳандагони рус аз зери харобаҳои як бинои истиқоматӣ дар Туркия 150 ҳазор доллар пули нақд пайдо карданд ва ин маблағ ба пулиси маҳаллӣ супурда шуд.
Ҳамчунин наҷотбахшони тоҷик низ аз зери биноҳои фурӯрафта тилло ва туфангу камон бо тирҳоро пайдо карданду ба мақомоти дахлдор сурда буданд.
Таджикские спасатели разбирают завалы разрушенных зданий в турецкой провинции Кахраманмараш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2023
Аз дарёфти ҷасадҳо то тило ва туфангчаю камон: кори наҷотбахшони тоҷик дар Туркия
Заминларзаи 7,7 ва 7,6 дараҷаӣ рӯзи 6 феврал бо фосилаи 9 соат дар вилояти Қаҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия рух дод. Ин зилзила ва баъд аз он садҳо заминларза дар 11 вилояти ин кишвар ва кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос шудааст.
Тибқи маълумоти ахир, дар Туркия беш аз 39 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Лентаи хабарҳо
0