Дар Хатлон Маркази савдо ба коми оташ рафт

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Обуна шудан
Алангаи сӯхторро 83 нафар бо ҳафт мошини сӯхторхомӯшкунӣ дар муддати ҳамагӣ бист дақиқа хомӯш намуданд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаби 17 ба 18 феврал, дар Маркази савдои ҶДММ "Фархундаи-Шуҳрат" сӯхтор сар зад, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ин марказ ба сокини деҳаи Имоммашраби ноҳияи Панҷ тааллуқ дорад.
Ба иттилои манбаъ, пас аз сар задани сӯхтор ба ҷои ҳодиса 7 мошини сӯхторнишонӣ ва 83 нафар аз кормандони ниҳоди марбута ҳозир шуданд.
Муайян гардид, ки сӯхтор масоҳати 240 метри мураббаъро фаро гирифта буд ва ҳамчунин хавфи ба дигар биною иншоотҳо паҳншуданро низ дошт.
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Сардӣ сӯхтор дар Суғдро зиёд кардаст
Сӯхторнишонон дар муддати ҳамагӣ бист дақиқа тавонистанд алангаи сӯторро хомӯш кунанд ва ҳамзамон аз доман паҳн кардани он пешгирӣ намоянд.
Зикр гардид, ки сӯхтор 13 адад нуқтаҳои хизматрасониро фаро гирифта буд, вале оташнишонон бинобар зӯд хомӯш кардани оташ, тавонистанд молу маҳсулотро ба маблағи 30 млн сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ доранд.
Ҳоло таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор аз тарафи гурӯҳи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Панҷ ва дигар мақомоти дахлдор идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0