Вазири тоҷик мушкили баргардондани шаҳрвандонро аз Сурия ва Ироқ гуфт

© Sputnik / Дмитрий Виноградов / Гузариш ба медиабонкСирийский флаг на фоне разрушенного дома в сирийском городе Маалюля
Сирийский флаг на фоне разрушенного дома в сирийском городе Маалюля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонда шаванд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Беш аз 200 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Сурия боқӣ мондаанд, изҳор дошт вазири мури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки барои баргардонидани шаҳрвандони боқимондаи кишвар аз Сурия идома дошта, дипломатҳои тоҷик вобаста ба ин масъала бо мақомоти он кишвар гуфтушунид дорад.
“Талош хоҳем кард, ки дар зудтарин фурсат шаҳрвандони худро ба Ватан баргардонем”, - гуфт вазир.
Вай афзуд, ки аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастури қатъӣ шудааст, ки барои баргардондани шаҳрвандон ба кишвар чораандешӣ гардад.
Дар мавриди мушкилоти баргардондани бархе аз шаҳрвандон вазир изҳор дошт, ки бархе дар урдугоҳҳое қарор доранд, ки дастрасӣ ба онҳо мушкил мебошад.
Мушкилиҳо бештар дар бахши бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ҷой доранд. Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки дипломатҳои тоҷик дар ин бахш низ фаъолият доранд.
В Душанбе встретили спецрейс из Багдада, на борту которого находились 64 ребенка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2022
Ҳаёти дунявӣ намехоҳанд, зӯрӣ мекунанд: Шарҳи ҳоли занони тоҷики бозгашта аз Сурия ва Ироқ
Ҳамчунин алайҳи бархе шаҳрвандон иттиҳомҳои вазнин эълон гардидаанд, ки ин ҳам омили таъсиррасони манфӣ арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тобоистони соли 2022 Тоҷикистон 146 шаҳрвандаш, аз ҷумла 122 кӯдак ва 24 занро аз Сурия баргардонда буд.
Мақомот мегӯянд, барои баргардондани бозгаштаҳо ба ҳаёти осоишта тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0