Сироҷиддин Муҳриддин натиҷаи созишҳои марзӣ бо Қирғизистонро эълон кард

© Sputnik / Эмиль СадыровПограничная вышка в Киргизии. Архивное фото
Пограничная вышка в Киргизии. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки то ҳол беш аз 626 километр марзи муштарак бо ҷониби Қирғизистон мушаххасу муайян шудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Фазои музокироти марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хеле хуб шудааст, изҳор дошт вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин.
Вай зимни нишасти матбуотӣ гуфт, мулоқоти гуруҳҳои марбути масоили марз, тақрибан ҳармоҳа сурат гирифта истодааст ва пешрафтҳое низ ба даст омадаанд.
Соли гузашта 7 мулоқоти гуруҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон барои муайяну аломатгузории марз баргузор гардида, беш аз тарҳи беш аз 19 километр марзи муштарак мушаххас карда шуд.
Ба гуфтаи вазир, қисматҳои муайяншуда ба ноҳияи Деваштич, Спитамен ва Ҷабор Расулов рост меоянд, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳаданд.
Глава Согда и глава Баткента на переговорах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2023
Вохурии ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи марз анҷом ёфт: Чӣ натиҷа дод?
Тайи 1,5 соли охир дар мавриди 102 километр марз созиш шуда, дар маҷмуъ сарҳади муайяншуда миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба 626 километр баробар гардид, иттилоъ дод Сироҷиддин Муҳриддин.
Корҳо дар самати муайнсозии марз аз тарафи гуруҳҳои дахлдори ду кишвар ба таври мунтазам пеш рафта истодаанд, изҳор дошт ӯ.
Қаблан Бишкек ва Душанбе якдилона азмашонро баён доштанд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо кунад.
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон, ки аллакай 626 километр шудааст, ҳудуди 63%-и дарозии умумии сарҳадро ташкил медиҳад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0