Номаҳои тасалии Раиси, Тоқаев ва Бердимуҳаммедовҳо ба Раҳмон

© КЧС ТаджикистанаПоследствия схода снежной лавины на городе Хорог
Последствия схода снежной лавины на городе Хорог - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ба кишвардори Тоҷикистон ва наздикони ҳалокшудагон дар фоҷеаи ВМКБ номаҳои ҳамдардӣ фиристоданд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз номи руасои ҷумҳурии Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, раиси халқ маслиҳатии Туркманистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай номаҳои тасаллӣ ворид гардидааст.
Раисҷумҳури Эрон дар номаи худ навиштааст, ки хабари кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз мардуми азизи Тоҷикистон бар асари фаромадани тарма дар ВМКБ ӯро сахт андӯҳгин кардааст.
“Мардуми кишвари бародар ва дӯсти Тоҷикистон аз даргоҳи Худованди мутаол барои даргузаштагон раҳмати фаровон ва барои бастагон сабру шакибоӣ ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил ва комил орзу менамоям”, - навиштааст Раисӣ.
Фоҷеаи фаромадани тарма дар ВМКБ раисҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаевро низ андуҳгин кардааст.
“Дар номаи худ навиштааст, ки дар робита ба ин талафоти ҷуброннопазир зимни изҳори ғамшарикӣ хоҳишмандам аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи ман ҳамдардии амиқ ва суханони тасаллиомези моро ба пайвандон ва наздикони фавтидагон, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтанро ба зарардидагон расонед”, - қайд кардааст ӯ.
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Ҳамдардии президенти Қирғизистон ба наздикони ҳалокшудагон дар ВМКБ
Сардор Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон ба кишвардори Тоҷикистон дар номаи худ изҳори ҳамдардии амиқ баён кардааст.
“Маро дар робита ба талафоту ҷароҳат бардоштани одамон ва хисороти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бипазиред. Дар ин лаҳзаҳои мушкил аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба тамоми пайвандону наздикони ҷонбохтагон суханони ҳамдардиву ҳамбастагӣ ва таманниёти шифои оҷилро ба осебдидагон бирасонед”, - афзудааст Бердимуҳаммедов.
Ҳамчунин номаи ҳамдардӣ дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони президенти Тоҷикистон аз номи пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Чжан Мин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид.
Фоҷеи фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов сахт андугин кардааст.
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин дар номаи худ изҳори умед кардааст, ки оқибатҳои ин офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида ҳарчи зудтар бартараф карда хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0