https://sputnik.tj/20230216/yarmarka-baynalmilali-savdo-sugd-barguzor-1054971064.html
Маълум шуд кай ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мешавад
Маълум шуд кай ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2023” дар Хуҷанд бо мақсади дастгирии тиҷорати байналмилалӣ, афзоиши нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоя, ташкил карда мешавад
2023-02-16T14:35+0500
2023-02-16T14:35+0500
2023-02-16T17:03+0500
таджикистан
ярмарка
суғд
хуҷанд
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/86/1029238644_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b083da8306f90eb172c3c60065cd7e06.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Рӯзҳои 22 — 24-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мегардад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023"- дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.Интизор меравад, ки дар доираи ярмаркаи IX байналмилалии савдо “Суғд-2023” Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор гардад.Чунин ярмарка дар вилоят бори нуҳум доир мегардад ва соле қабл дар ин чорабинӣ беш аз 400 соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Хитой, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин зарфияту имконоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ ошно гардида, 60 созишномаи нави ҳамкориро ба имзо расониданд.
https://sputnik.tj/20220726/yarmarka-tashkilkardai-maqomot-kor-1050273078.html
таджикистан
суғд
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/86/1029238644_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2eb0d3223eefb96b08c1853cca6c9fd2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ярмарка, суғд, хуҷанд, соҳибкор, тиҷорат, сармоя
тоҷикистон, ярмарка, суғд, хуҷанд, соҳибкор, тиҷорат, сармоя
Маълум шуд кай ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мешавад
14:35 16.02.2023 (Навсозишуда: 17:03 16.02.2023) Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2023” дар Хуҷанд бо мақсади дастгирии тиҷорати байналмилалӣ, афзоиши нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоя, ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Рӯзҳои 22 — 24-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2023" баргузор мегардад, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи ярмаркаи IX байналмилалии савдо "Суғд-2023"- дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.
Дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ярмаркаи IX байналмилалии савдо “Суғд-2023” Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ баргузор гардад.
Чунин ярмарка дар вилоят бори нуҳум доир мегардад ва соле қабл дар ин чорабинӣ беш аз 400 соҳибкор аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия, Хитой, Туркия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Беларус ва Қазоқистон ширкат варзида, бо маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин зарфияту имконоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ ошно гардида, 60 созишномаи нави ҳамкориро ба имзо расониданд.