https://sputnik.tj/20230216/tedod-qurboniyon-tarmarezi-vmkb-16-nafar-1054967693.html
Теъдоди қурбониёни тармарезӣ дар ВМКБ ба 16 нафар расид
Теъдоди қурбониёни тармарезӣ дар ВМКБ ба 16 нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагону ихтиёриён ва низомиён дар Бадахшон то кунун ҷасади ду тани дигарр, ки зери ғарами барф мондаанд, ҷустуҷӯ мекунанд
2023-02-16T13:58+0500
2023-02-16T13:58+0500
2023-02-16T14:13+0500
дар тоҷикистон
вмкб
тарма
пурқурбонӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/10/1054957937_0:137:1081:745_1920x0_80_0_0_b1e4e561488c5cbf57aa549697cb114a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шумори қурбониёни тармарезии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКб ба 16 адад расид.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар додааст.Ҳамзамон ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд ва донишҷӯ буданд, аз ҷониби кормандони КҲФ, ихтиёриён ва низомиён идома дорад. Гуфта мешавад, ки панҷ нафари фавтидагон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ будаанд.Таъкид шудааст, илаҳое, ки манзилашон бар асари офати табиӣ зарар дидааст, бо ҷойҳои муваққатии зист ва хӯроку дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин гардида, ҳамзамон ба ҳамаи зарардидагон кӯмаки якдафъаинаи зарурии молиявию моддӣ ва ғизоӣ расонда шудааст.Дар тамоми ҳудуди вилоят, сокиноне, ки хонаҳояшон дар мавзеъҳои хавфнок қарор доранд, ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд, афзуд манбаъ.Ҳоло боришот идома дошта, дар ҳамаи самтҳо роҳи байналмилалӣ маҳкам буда, мусофирону ронандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони саховатпеша бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.Ҳамчунин аз КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки раҳбари ин ниҳод Рустам назарзода дар роҳ ба ВМКБ аст.Ӯ комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои ҳисоботи зарари офат ва рафъи онро раҳбараӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20230215/hamdardi-rahmon-payvandonu-nazdikoni-khorugh-1054948321.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/10/1054957937_0:0:1079:809_1920x0_80_0_0_b99b6da55218ae374107f37000ebf83c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурбониён тармарезӣ вмкб қурбонӣ наҷот
қурбониён тармарезӣ вмкб қурбонӣ наҷот
Теъдоди қурбониёни тармарезӣ дар ВМКБ ба 16 нафар расид
13:58 16.02.2023 (Навсозишуда: 14:13 16.02.2023) Наҷотдиҳандагону ихтиёриён ва низомиён дар Бадахшон то кунун ҷасади ду тани дигарр, ки зери ғарами барф мондаанд, ҷустуҷӯ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шумори қурбониёни тармарезии рӯзи 15-уми феврал дар ВМКб ба 16 адад расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар додааст.
"Ёздаҳ нафар аз фавтидагон зан, се нафар кӯдак ва ду нафар мард буда, нӯҳ тан сокини ноҳияи Мурғоб, ду сокини шаҳри Хоруғ, як сокини ноҳияи Роштқалъа ва як сокини ноҳияи Рӯшон мебошанд", - афзуд манбаъ.
Ҳамзамон ҷустуҷӯи ду сокини ноҳияи Ишкошим, ки бе ному нишон мебошанд ва донишҷӯ буданд, аз ҷониби кормандони КҲФ, ихтиёриён ва низомиён идома дорад.
Гуфта мешавад, ки панҷ нафари фавтидагон донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ будаанд.
Таъкид шудааст, илаҳое, ки манзилашон бар асари офати табиӣ зарар дидааст, бо ҷойҳои муваққатии зист ва хӯроку дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин гардида, ҳамзамон ба ҳамаи зарардидагон кӯмаки якдафъаинаи зарурии молиявию моддӣ ва ғизоӣ расонда шудааст.
Дар тамоми ҳудуди вилоят, сокиноне, ки хонаҳояшон дар мавзеъҳои хавфнок қарор доранд, ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуданд, афзуд манбаъ.
Ҳоло боришот идома дошта, дар ҳамаи самтҳо роҳи байналмилалӣ маҳкам буда, мусофирону ронандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сокинони саховатпеша бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Ҳамчунин аз КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки раҳбари ин ниҳод Рустам назарзода дар роҳ ба ВМКБ аст.
Ӯ комиссияи вижаи ҳукуматӣ барои ҳисоботи зарари офат ва рафъи онро раҳбараӣ мекунад.