https://sputnik.tj/20230216/shumori-tsurboniyoni-tarma-dar-tojikiston-ba-15-nafar-rasid-1054957538.html
Шумори қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 15 нафар расид
Шумори қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 15 нафар расид
Sputnik Тоҷикистон
Наҷотдиҳандагон ва шахсони ғамхор то кунун рафъи харобиҳои тармарезиро, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар зад, идома медиҳанд 16.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-16T09:45+0500
2023-02-16T09:45+0500
2023-02-16T14:03+0500
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
резиши тарма
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102476/79/1024767981_12:0:990:550_1920x0_80_0_0_a3d97d8ec1e750ea135598183bf393cf.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тармаҳои маргбор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ва масири Душанбе-Хуфҷанд қурбониву харобиҳои зиёд дар пайи дошт.Сухангӯи КҲФ, Умеда Юсуфӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар умуму теъоди ҳалокшудаҳо бар асари тармафароии рӯзи 15 феврал ба 15 нафар расид.Ба иттилои манбаъ, бар асари фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти маишӣ қисман ва 35 бинои истиқоматӣ қисман осеб диданд. Ҳамчунин зуҳри ин рӯз дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар натиҷаи фаромадани тарма ронандаи 47-солаи яке аз мошинҳо ба ҳалокат расидааст, ки ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар ду қитъаи ин роҳ навбатдорӣ мекарданд, берун оварданд. Гуфта мешавад, ки ҳоло Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавқулода зарарро муайян мекунад. Ба гуфтаи ҳавошиносон, хатари фаромадани тарма то 19 феврал боқӣ мемонад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо изҳори ҳамдарӣ ба оилаҳои қурбониён, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро, ҳушёр ва боэҳтиёт бошед. Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бинобар гарм шудани рӯзҳои ахир ва боришот хатари фаромадани тарма дар манотиқи ғарбии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар роҳи Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе — Лахш, Хоруғ — Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20230215/halok-majruh-bedarak-sharhi-vkd-khorugh-1054942791.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102476/79/1024767981_134:0:867:550_1920x0_80_0_0_52d9d5e175e70447cc6fed7ff8ef8dae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, резиши тарма, вмкб
кҳф, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, резиши тарма, вмкб
Шумори қурбониёни тарма дар Тоҷикистон ба 15 нафар расид
09:45 16.02.2023 (Навсозишуда: 14:03 16.02.2023) Наҷотдиҳандагон ва шахсони ғамхор то кунун рафъи харобиҳои тармарезиро, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар зад, идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тармаҳои маргбор дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ ва масири Душанбе-Хуфҷанд қурбониву харобиҳои зиёд дар пайи дошт.
Сухангӯи КҲФ, Умеда Юсуфӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар умуму теъоди ҳалокшудаҳо бар асари тармафароии рӯзи 15 феврал ба 15 нафар расид.
"Бар асари тармарезӣ 14 нафар дар ҳудуди ВМКБ, як нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ба ҳалокат расида, 12 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд",- афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, бар асари фаромадани тарма 4 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти маишӣ қисман ва 35 бинои истиқоматӣ қисман осеб диданд.
Ҳамчунин зуҳри ин рӯз дар километри 65-уми шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар натиҷаи фаромадани тарма ронандаи 47-солаи яке аз мошинҳо ба ҳалокат расидааст, ки ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар ду қитъаи ин роҳ навбатдорӣ мекарданд, берун оварданд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавқулода зарарро муайян мекунад.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, хатари фаромадани тарма то 19 феврал боқӣ мемонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо изҳори ҳамдарӣ ба оилаҳои қурбониён, бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои тармафаро, ҳушёр ва боэҳтиёт бошед.
Қаблан Кумита хабар дода буд, ки бинобар гарм шудани рӯзҳои ахир ва боришот хатари фаромадани тарма дар манотиқи ғарбии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар роҳи Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе — Лахш, Хоруғ — Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим боқӣ мемонад.