https://sputnik.tj/20230215/hamjinsgaro-tojikiston-dida-donista-spid-pahn-1054928516.html
Генерал Раҳимзода: гуруҳе дидаю дониста вируси норасоии масунияти одамро паҳн мекунанд
Генерал Раҳимзода: гуруҳе дидаю дониста вируси норасоии масунияти одамро паҳн мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти афроде хабар дод, ки дидаю дониста ба паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам машғул будаанд
2023-02-15T21:20+0500
2023-02-15T21:20+0500
2023-02-15T21:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
фоҳишахона
спид
рамазон раҳимзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_0:0:1106:622_1920x0_80_0_0_d1109db634d6104011eefd48251e51e9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 10 нафар барои дидаю дониста олуда кардани афроди дигар бо вируси норасоии масунияти одам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба иттилои ВУД, муттаҳамон огоҳона 86 нафари дигарро ба вируси норасоии масунияти одам мубтало кардаанд. Вазир таъкид намуд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон асосан аз тариқи сӯзандоруи маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ паҳн мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2022-ум 1037 ҳолати сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 922 нафар баробар буд. Яке аз ҳадафи асосӣ дар самти фаъолият ин фарогирӣ ба табобати зиддиретровирусӣ мебошад. Дар соли 2022 ҳамагӣ 1283 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1007 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, афзуд Вазорати тандурустӣ. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз табобати вируси масунияти одам ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда, дар сурати огоҳона қасди сироят ё мутало кардани афроди дигар парвандаи ҷиноӣ боз мешавад. Моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои таҳти хавфи сироят бо ВНМО гузоштани шахси дигар то 2 соли зиндон, барои мубтало кардан аз 2 то 5 сол, барои сирояти 2 ё зиёда ва шахси ноболиғ аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20221201/giriftori-vnmo-khatlon-kam-shudast-1053208296.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102403/99/1024039988_139:0:968:622_1920x0_80_0_0_b12bc956e5ee9e456c925338eaa7fb37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, внмо, паҳн, вирус, масуният, одам
тоҷикистон, внмо, паҳн, вирус, масуният, одам
Генерал Раҳимзода: гуруҳе дидаю дониста вируси норасоии масунияти одамро паҳн мекунанд
Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти афроде хабар дод, ки дидаю дониста ба паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам машғул будаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон нисбати 10 нафар барои дидаю дониста олуда кардани афроди дигар бо вируси норасоии масунияти одам парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ВУД, муттаҳамон огоҳона 86 нафари дигарро ба вируси норасоии масунияти одам мубтало кардаанд.
Вазир таъкид намуд, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон асосан аз тариқи сӯзандоруи маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ паҳн мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2022-ум 1037 ҳолати сирояти ВНМО дар ҷумҳурӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 922 нафар баробар буд.
Яке аз ҳадафи асосӣ дар самти фаъолият ин фарогирӣ ба табобати зиддиретровирусӣ мебошад. Дар соли 2022 ҳамагӣ 1283 нафар беморон ба табобат фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1007 нафар бори аввал ба қайд гирифта шудаанд, афзуд Вазорати тандурустӣ.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз табобати вируси масунияти одам ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда, дар сурати огоҳона қасди сироят ё мутало кардани афроди дигар парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Моддаи 125-и Кодекси ҷиноӣ барои таҳти хавфи сироят бо ВНМО гузоштани шахси дигар то 2 соли зиндон, барои мубтало кардан аз 2 то 5 сол, барои сирояти 2 ё зиёда ва шахси ноболиғ аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.