https://sputnik.tj/20230215/bonki-milli-tahrim-gharb-rusiya-1054926217.html
Бонки миллӣ аз таъсири манфии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон гуфт
Бонки миллӣ аз таъсири манфии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон паёмади таҳримҳои эълоннамудаи кишварҳои ғарбиро дар нисбати шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ манфӣ арзёбӣ намуд
2023-02-15T09:41+0500
2023-02-15T09:41+0500
2023-02-15T09:42+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки миллӣ
нарх
таҳрим
таъсир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_c52e74b2ac92faed885a643210f4b9cf.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар соли гузашта эълони таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия эълон гардид. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҷаҳиши нархҳо дар ҷумҳурӣ асосан дар моҳҳои март - май ба қайд гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар давоми ин моҳҳои баҳори соли гузашта нархҳо дар Тоҷикистон беш аз 3% боло рафтанд. Дар маҷмуъ дар давоми сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 5,2%, молҳои ғайрихӯрока 4% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9% афзоиш ёфтаанд, илова намуд Бонки миллӣ. "Болоравии нархҳо асосан дар натиҷаи мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ дар ҷаҳон, инчунин ҷорӣ гардидани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат ба кишвари шарики асосии тиҷоратӣ ба назар мерасад", - омадааст дар иттилоия. Зикр гардид, ки дар пайи ин сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба 4,2% баробар гардид, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли қаблӣ 3,8% кам мебошад. Маврид ба зикр аст, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳамчунин ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар барои дарёфти рӯзияшон ба ФР ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон аз омилҳои асосии таъмини эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар кшвар арзёбӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20221004/bonki-milli-western-union-ijozatnomai-faoliyat-1051877401.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/29/1030622906_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_deec2bf2f2517b155cc1792615bde66a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонки миллӣ, тоҷикистон, таҳрим, ғарб, русия
бонки миллӣ, тоҷикистон, таҳрим, ғарб, русия
Бонки миллӣ аз таъсири манфии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба Тоҷикистон гуфт
09:41 15.02.2023 (Навсозишуда: 09:42 15.02.2023) Бонки миллии Тоҷикистон паёмади таҳримҳои эълоннамудаи кишварҳои ғарбиро дар нисбати шарики асосии тиҷоратии ҷумҳурӣ манфӣ арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Яке аз сабабҳои болоравии нархи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дар соли гузашта эълони таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия эълон гардид.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки ҷаҳиши нархҳо дар ҷумҳурӣ асосан дар моҳҳои март - май ба қайд гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки дар давоми ин моҳҳои баҳори соли гузашта нархҳо дар Тоҷикистон беш аз 3% боло рафтанд.
Дар маҷмуъ дар давоми сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ беш аз 5,2%, молҳои ғайрихӯрока 4% ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 1,9% афзоиш ёфтаанд, илова намуд Бонки миллӣ.
"Болоравии нархҳо асосан дар натиҷаи мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва тиҷоратӣ дар ҷаҳон, инчунин ҷорӣ гардидани таҳримҳо аз ҷониби кишварҳои Ғарб нисбат ба кишвари шарики асосии тиҷоратӣ ба назар мерасад", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки дар пайи ин сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба 4,2% баробар гардид, ки ин нишондод дар муқоиса бо соли қаблӣ 3,8% кам мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия боқӣ монда, ҳамчунин ҳамасола садҳо ҳазор муҳоҷир аз ин кишвар барои дарёфти рӯзияшон ба ФР ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон аз омилҳои асосии таъмини эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар кшвар арзёбӣ мегардад.