https://sputnik.tj/20230214/tolib-darkhost-vazironash-ijoza-tahsil-1054915560.html
Шарти роҳбари толибҳо ба дархости вазиронаш барои иҷозаи таҳсили занон
Шарти роҳбари толибҳо ба дархости вазиронаш барои иҷозаи таҳсили занон
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари толибҳо, ки мақараш дар Қандаҳор аст, ба дархости вазирони ҳукумати ин гуруҳ аз Кобул барои иҷозати таҳсили занон посух додааст
2023-02-14T16:45+0500
2023-02-14T16:45+0500
2023-02-14T16:45+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
сиёсат
толибон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/16/1053693574_0:202:3072:1930_1920x0_80_0_0_146f33a8fc055476db9b91011b190ab2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Кобул аз Қандаҳор талаб кард, ки манъи таҳсили занонро лағв кунад, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба рӯзноманигор Самӣ Юсуфзай. Аз қавли манобеъ оварда шудааст, ки нома ба амири гуруҳ Ҳибатуллоҳ Охундзода аз ҷониби кобинаи вазирони толибҳо, ки дар Кобул нишастааст, ирсол гардидааст. Охундзода дар посухи кӯтоҳе шарти иҷозати таҳсили занон дар Афғонистонро баён доштааст. Қаблан гуфта мешуд, бархе аз вазирони толибҳо, ки нуфузи зиёде дар ҳукумат доранд, талош доранд бо ҷаҳон таъомул кунанд ва барои берун рафтан аз буҳрони кунунии кишвар, хостори ҷалби кумакҳои кишварҳои хориҷианд.Толибҳо ба духтарон фақат то синфи шашум иҷозаи таҳсил медиҳанд. Онҳо бо судури фармонҳое, таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳо ва марокизи омузишӣ ва кори занонро дар ниҳодҳои ғайридавлатӣ низ мамнӯъ эълом карданд.Ин иқдомоти занситезонаи толибҳо ба интиқодҳои тунд дар дохил ва хориҷ аз Афғонистони мувоҷеҳ шудааст. Занони афғон дар мухолифат бо ин иқдомоти ҳукуматдорҳои феълияшон борҳои таҷаммуъ ва роҳпаймоӣ карданд, аммо ин эътирозҳо ба дасти толибҳо саркӯб гардиданд.
https://sputnik.tj/20230213/kobulov-metavonad-tolib-qudrat-sarnagun-1054879981.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/16/1053693574_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_9171e8a59fd38573eb702202c51a3dc6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
охундзода, таҳсил, занон, иҷозат
охундзода, таҳсил, занон, иҷозат
Шарти роҳбари толибҳо ба дархости вазиронаш барои иҷозаи таҳсили занон
Роҳбари толибҳо, ки мақараш дар Қандаҳор аст, ба дархости вазирони ҳукумати ин гуруҳ аз Кобул барои иҷозати таҳсили занон посух додааст
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Кобул аз Қандаҳор талаб кард, ки манъи таҳсили занонро лағв кунад, хабар дод Sputnik Афғонистон бо такя ба рӯзноманигор Самӣ Юсуфзай.
Аз қавли манобеъ оварда шудааст, ки нома ба амири гуруҳ Ҳибатуллоҳ Охундзода аз ҷониби кобинаи вазирони толибҳо, ки дар Кобул нишастааст, ирсол гардидааст.
Охундзода дар посухи кӯтоҳе шарти иҷозати таҳсили занон дар Афғонистонро баён доштааст.
"Агар исбот кунед, ки тибқи шариат духтарони аз 12-сола боло метавонанд танҳо аз хона берун раванд, ман ба занон иҷозат медиҳам, ки таҳсил кунанд", - ҷавоб додаст ӯ.
Қаблан гуфта мешуд, бархе аз вазирони толибҳо, ки нуфузи зиёде дар ҳукумат доранд, талош доранд бо ҷаҳон таъомул кунанд ва барои берун рафтан аз буҳрони кунунии кишвар, хостори ҷалби кумакҳои кишварҳои хориҷианд.
Толибҳо ба духтарон фақат то синфи шашум иҷозаи таҳсил медиҳанд. Онҳо бо судури фармонҳое, таҳсили духтаронро дар донишгоҳҳо ва марокизи омузишӣ ва кори занонро дар ниҳодҳои ғайридавлатӣ низ мамнӯъ эълом карданд.
Ин иқдомоти занситезонаи толибҳо ба интиқодҳои тунд дар дохил ва хориҷ аз Афғонистони мувоҷеҳ шудааст.
Занони афғон дар мухолифат бо ин иқдомоти ҳукуматдорҳои феълияшон борҳои таҷаммуъ ва роҳпаймоӣ карданд, аммо ин эътирозҳо ба дасти толибҳо саркӯб гардиданд.