https://sputnik.tj/20230214/sughdro-bozsozii-gusturdai-chahor-roh-intizor-ast--1054897467.html
Суғдро бозсозии густурдаи чаҳор роҳ интизор аст
Суғдро бозсозии густурдаи чаҳор роҳ интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Санаи оғози бозсозии шоҳроҳҳои Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак маълум шуд
2023-02-14T09:35+0500
2023-02-14T09:35+0500
2023-02-14T09:43+0500
дар тоҷикистон
суғд
роҳ
таъмир
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_c0aa438ff97e0800c4d85b69b152371f.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Сохтмони чаҳор қитъаи роҳи мошингарди Суғд моҳи марти соли 2023 оғоз мешавад.Дар ин бора раиси Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди вилоят Шуҳрат Ашӯрзода изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби тарҳи марҳилаи чаҳоруми барномаи “Беҳсозии долонҳои нақлиётии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” чаҳор роҳ бозсозӣ мешавад: Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак. Кор дар тамоми марҳилаҳои барнома дар фасли баҳор оғоз мешавад ва дар худи лоиҳа азнавсозии қитъаҳои бо дарозии умумии зиёда аз 50 километр пешбинӣ шудааст. "Дар лоиҳа сохтмони 11 пули нав бо дарозии умумии 444 метр пешбинӣ шудааст", - навиштааст хабаргузории Sugdnews ба нақл аз Ашӯрзода. Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корпоратсияи чинии China Railway Wuju дар бораи ин сохтмон ба маблағи 56,6 миллион доллар созишнома ба имзо расонида буданд.
https://sputnik.tj/20221104/tojikiston-tajdidi-du-roh-dollar-1052626537.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_1ddd56547165f3be52ddd192bc9ad93e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғдро бозсозӣ густурда роҳ
суғдро бозсозӣ густурда роҳ
Суғдро бозсозии густурдаи чаҳор роҳ интизор аст
09:35 14.02.2023 (Навсозишуда: 09:43 14.02.2023) Санаи оғози бозсозии шоҳроҳҳои Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак маълум шуд
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Сохтмони чаҳор қитъаи роҳи мошингарди Суғд моҳи марти соли 2023 оғоз мешавад.
Дар ин бора раиси Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои автомобилгарди вилоят Шуҳрат Ашӯрзода изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби тарҳи марҳилаи чаҳоруми барномаи “Беҳсозии долонҳои нақлиётии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” чаҳор роҳ бозсозӣ мешавад: Куруш - Бекобод, Деҳмой - Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров - Хистеварз ва Конибодом - Кучкак.
Кор дар тамоми марҳилаҳои барнома дар фасли баҳор оғоз мешавад ва дар худи лоиҳа азнавсозии қитъаҳои бо дарозии умумии зиёда аз 50 километр пешбинӣ шудааст.
"Дар лоиҳа сохтмони 11 пули нав бо дарозии умумии 444 метр пешбинӣ шудааст", - навиштааст хабаргузории Sugdnews ба нақл аз Ашӯрзода.
Қобили зикр аст, ки қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва корпоратсияи чинии China Railway Wuju дар бораи ин сохтмон ба маблағи 56,6 миллион доллар созишнома ба имзо расонида буданд.