Роҳи Душанбе-Чаноқ барои баъзе нақлиёт маҳдуд шуд

© IRSРасчистка дороги Душанбе - Чанак
Расчистка дороги Душанбе - Чанак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Обуна шудан
Бар асари боришоти барф дар километрҳои 25-73-юм барои тоза кардани роҳи Душанбе-Чанок техникаи махсус сафарбар карда шуда, поксозӣ бо суръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ҳаракати васоили нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок бо сабаби обу ҳавои номусоид муваққатан маҳдуд шудааст.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти бахши тоҷикии ширкати Innovative Road Solutions хабар доданд.
Ин ҳодиса дар пайи бориши барф дар километрҳои 25-73-юми роҳ рух додааст.
Мушаххас шудааст, ки маҳдудият ба мошинҳои боркаш ва микроавтобусҳо дахл дорад.
"Дар робита ба шиддат гирифтани бориши барф, ба хотири эҷод накардани монеа барои убури дигар навъҳои нақлиёт, ба хусус худравҳо, дар ҳаракати воситаҳои нақлиёти интихобшуда маҳдудият ҷорӣ карда шуд", - гуфтанд дар ин ширкат.
Кормандони ширкат мунтазам роҳро аз барф тоза карда, бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд, афзуд манбаъ.
Занесенные снегом дороги в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Наҷотдиҳандагон аз хатар дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Қаблан наҷотдиҳандагон аз хатари фаромадани тарма дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳушдор дода буданд.
Ҳамин тариқ, тибқи пешгӯиҳо 14 то 17 феврал ҳавои номусоид ва резиши тарма пешгӯӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0