Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Кори ҷангии гулӯлаандози "Поднос" дар Украина - видео

Обуна шудан
Мақомоти низомии Русия эълон кардаанд, ки гулӯлаандоз дар минтақаи амалиёти махсус нерӯи зинда ва иншооти мустаҳкамшудаи ҳарифро нобуд кард
Наворҳои кори ҷангии гулӯлаандозҳои 120 миллиметрии Ҳавзаи марказии низомии Русия дар Украина нашр гардиданд.
Вазорати мудофиаи Русия бо нашри ин наворҳо қайд кард, низомиёни воҳиди савораи тирандоз вазифаҳои ҷангии гузошташударо барои нобуд кардани нерӯи зиндаю иншооти мустаҳкамкардаашон амалӣ месозанд.
Таъкид шудааст, ки истеҳкомҳои душман бо истифода аз гулӯлаандозҳои 120-милиметрии "Поднос" амалӣ шудаанд.
"Дар ҷараёни корҳои ҷангӣ, ҳайати низомӣ аз ҳариф дар масофаи бехатар қарор дошта, ӯро бо гӯлӯлаҳои гуногун мавриди зарба қарор доданд", - омдааст дар иттилоия.
Дақиқияти гулӯлаандозиро бесарнишинҳо таъмин кардаанд, ки ба иттилои мақомоти низомӣ ба таври шабонарӯзӣ мавқеъҳои ҷойгиршавии нерӯҳои украиниро назорат мекунанд.
Вазорати дифоъ афзуд, пас аз анҷоми тирандозии мустақим, экипажҳои миномёт мавқеъро иваз мекунанд.
Муҳориба барои бастани роҳи таъминот ба Артемовск
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби низоми Киев қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0