Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Талоши нерӯҳои украинӣ барои сӯзондани ҷангал, то пеши роҳи артиши Русияро гиранд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкРабота танкистов в зоне СВО
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Обуна шудан
Онҳое, ки қасди ташкили сӯхтор дар пеши роҳи нерӯҳои Русияро доштаанд, самти шамолро ба назар гирифта, ҷангалро оташ задаанд, аммо он аланга нагирифт
ДУШАНБЕ, 13 февр – Sputnik. Нерӯҳои амниятии Украина дар минтақаи хоҷагии ҷангали Серебрянский кӯшиш карданд, ки ҷангалро оташ зананд, изҳор дошт коршиноси низомӣ, подполковники мустаъфии Ҷумҳурии Халқии Луганск, Андрей Марочко.
Вай дар суҳбат бо РИА "Новости" тавзеҳ додааст, ки нерӯҳои украинӣ бо ҳамин роҳ қасд доштаанд, роҳи пешрафти қувваҳои Русияро бигиранд.
"Ҷангҷӯёни украинӣ бо истифода аз зарфҳои ҳомили омехтаи сӯзишворӣ ва инчунин дарахти хушк, пешакӣ самти шамолро таҳлилу баррасӣ карда, оташ задаанд", - гуфт коршинос.
Украинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина дар тарафи Артемовск бозиҳои "кимёӣ" дорад: Ҳатман ҷазо дода мешавад
Вай афзуд, ҷониби Украина ният дошт, ҷангалро тавре оташ зананд, ки алангаи он ба сӯи мавқеъҳои нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳаракат кунад.
"Аз сабаби намии баланд ва қабати ғафси барф, кори оташзанҳо ноком шуд ва пас аз чанде аланга хомӯш гардид", - гуфт Марочко.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврали соли 2022 амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ҳамчунин ғайринизомисозии Украина ва поккории ин кишвар аз нозиҳо мебошад.
Лентаи хабарҳо
0