Роҳи Душанбе – Чаноқ боз шуд

© Филиал компании "IRS" в ТаджикистанеОчищенная от снега дорога Душанбе - Чанок
Очищенная от снега дорога Душанбе - Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Обуна шудан
Ширкати "Инновейтив роуд солюшнз" -IRS, ки ба нигоҳдорию ҷамъоварии маблағ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, вазъияти роҳро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқ, ки қаблан маҳдуд шуда буд, аз сар гирифта шуд, хабар дод ширкати IRS.
“Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути роҳи Душанбе - Чаноқ таъмин аст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Чанде пеш ширкати IRS хабар дода буд, ки роҳи Душанбе - Чаноқ барои ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан маҳдудият ҷорӣ шуд.
Қаблан ҳамчунин масъулони ин шикрат хабар дода буданд, ки ду рӯзи охир бориши барф дар масири Душанбе - Чаноқ давомдор ва бениҳоят пуршиддат аст.
Расчистка дороги Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
IRS ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқро маҳдуд кард
Дар як моҳи ахир дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба сабаби боришоти зиёди барф даҳҳо тармафароӣ сурат гирифт, ки боиси маҳдудияти ҳаракати мошинҳо шуда буд.
Бино бар боришоти зиёди барф масъулини ширкат аз ронандагон ҳамеха даъват менамояд, ки дар роҳ эҳтиёткор бошанду қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0