https://sputnik.tj/20230213/najotdihandagon-tojik-kudak-hafta-kharoba-turkiya-1054863775.html
Наҷотдиҳандагони тоҷик кӯдакро баъди 1 ҳафта аз зери харобаҳо зинда берун оварданд - видео
Наҷотдиҳандагони тоҷик кӯдакро баъди 1 ҳафта аз зери харобаҳо зинда берун оварданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Кӯдаки сесолае ба номи Явуз дар минтақаи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараш дар зери харобаҳои заминларзаи шадид 158 соатро паси сар кардааст
2023-02-13T09:45+0500
2023-02-13T09:45+0500
2023-02-13T09:47+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
туркия
заминларза
наҷотдиҳанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054826070_0:74:800:524_1920x0_80_0_0_ac4cff255252a86650e95501b444dd99.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагони тоҷик як ҳафта пас аз заминларзаи шадид дар Туркия кӯдаки сесолаеро зинда аз зери харобаҳо берун овардаанд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додаст. Ба иттилои манбаъ, пас аз соатҳои тӯлонии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавзеи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараш бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои ҷустуҷӯи одамони зери харобаҳо Явузи сесоларо ёфта, наҷот доданд. "Наҷотдиҳандагон ба хотири боз ҳам бештар натарсонданн кӯдак, таҷҳизотро хомӯш карда, ба сӯи ӯ хазида рафта, наҷоташ додаанд. Одамони назди харобазор кӯдаку кори наҷотдиҳандагонро бо кафкубиҳо пешвоз гирифтанд", - афзуд КҲФ.Ҳамин тариқ Явуз дар зери харобаҳо 158 соатро гузаронд. Дар маҷмуъ наҷотдиҳандагони Тоҷикистон тавонистаанд, то ҳол 3 нафарро зинда берун оранд. Пештар наҷотдиҳандагони тоҷик падар ва фарзанди шашмоҳаи ӯро дар шаҳри Қаҳрамонмашар аз зери бинои фурӯрафта зинда берун оварданд, ки давоми 6 рӯз зери сангу бетон қарор доштанд.Дар баробари ин то ҳол ҳайати тоҷикистонӣ аз зери харобаҳо 78 ҷасадро берун оварда, ба мақомоти Туркия супурдандМаврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Туркия ҳайати 50-нафарии табибон ва наҷотдиҳандагонро фиристод, ки барои бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи шадиди 6 феврал кумак мекунанд.Заминларзаи шадиди 6 феврал дар Туркия ва Сурия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.
https://sputnik.tj/20230212/tavsifi-vazir-turkiya-najotdihandagon-tojik-1054859206.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/0a/1054826070_2:0:799:598_1920x0_80_0_0_68125dd894a7bbaea8247bec01c3037f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷот, кӯдак, сесола, ҳафта, хароба
наҷот, кӯдак, сесола, ҳафта, хароба
Наҷотдиҳандагони тоҷик кӯдакро баъди 1 ҳафта аз зери харобаҳо зинда берун оварданд - видео
09:45 13.02.2023 (Навсозишуда: 09:47 13.02.2023) Кӯдаки сесолае ба номи Явуз дар минтақаи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия дар зери харобаҳои заминларзаи шадид 158 соатро паси сар кардааст
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Наҷотдиҳандагони тоҷик як ҳафта пас аз заминларзаи шадид дар Туркия кӯдаки сесолаеро зинда аз зери харобаҳо берун овардаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз соатҳои тӯлонии корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар мавзеи Оникисубати шаҳри Қаҳрамонмараш бо истифода аз таҷҳизоти махсус барои ҷустуҷӯи одамони зери харобаҳо Явузи сесоларо ёфта, наҷот доданд.
"Наҷотдиҳандагон ба хотири боз ҳам бештар натарсонданн кӯдак, таҷҳизотро хомӯш карда, ба сӯи ӯ хазида рафта, наҷоташ додаанд. Одамони назди харобазор кӯдаку кори наҷотдиҳандагонро бо кафкубиҳо пешвоз гирифтанд", - афзуд КҲФ.
Ҳамин тариқ Явуз дар зери харобаҳо 158 соатро гузаронд. Дар маҷмуъ наҷотдиҳандагони Тоҷикистон тавонистаанд, то ҳол 3 нафарро зинда берун оранд.
Пештар наҷотдиҳандагони тоҷик падар ва фарзанди шашмоҳаи ӯро дар шаҳри Қаҳрамонмашар аз зери бинои фурӯрафта зинда берун оварданд, ки давоми 6 рӯз зери сангу бетон қарор доштанд.
Дар баробари ин то ҳол ҳайати тоҷикистонӣ аз зери харобаҳо 78 ҷасадро берун оварда, ба мақомоти Туркия супурданд
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ба Туркия ҳайати 50-нафарии табибон ва наҷотдиҳандагонро фиристод, ки барои бартараф кардани оқибатҳои заминларзаи шадиди 6 феврал кумак мекунанд.
Заминларзаи шадиди 6 феврал дар Туркия ва Сурия даҳҳо ҳазор куштаю маҷруҳ барҷой гузошт.