https://sputnik.tj/20230212/tavajjuh-saudi-payvastan-shsh-1054859634.html
Таваҷҷуҳи Саудӣ барои пайвастан ба СҲШ
Таваҷҷуҳи Саудӣ барои пайвастан ба СҲШ
Sputnik Тоҷикистон
Дипломати Русия хоҳиши Арабистони Саудӣ барои табдил шудан ба як ҷузъи Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро дорои дурнамои хуб арзёбӣ намуд
2023-02-12T16:30+0500
2023-02-12T16:30+0500
2023-02-12T16:30+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
арабистони саудӣ
созмони ҳамкориҳои шанхай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101565/81/1015658170_0:236:3093:1976_1920x0_80_0_0_7b21e99e18017c5cff3b2cb4668ce113.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба узвияти комил дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳавасманд аст, изҳор дошт сафири Русия дар Риёз, Сергей Козлов дар мусоҳиба бо РИА "Новости". Ба гуфтаи вай, Риёз саъй дорад хати сиёсати хориҷиро гуногунсамта кунад ва тадриҷан аз шарикӣ бо Вашингтон дур шавад. Пайвастшавӣ ба чунин иттиҳодияи байналмилалӣ, монанди СҲШ ба ин мусоидат мекунад."Дӯстони саудӣ дар ин бора, аз ҷумла дар тамос бо мо андешаҳои мувофиқ баён мекунанд", - таъкид кард сафир.Мавзӯи шарикӣ дар муколамаи СҲШ фаъолона баррасӣ мешавад, гуфт ӯ."Дар маҷмӯъ, хоҳиши шарикони саудӣ барои табдил шудан ба як ҷузъи ин сохторҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама СҲШ, дурнамои хубе ба назар мерасад", - хулоса кард Козлова. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахири СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220920/putin-jahoni-bisyormehvari-1051552813.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101565/81/1015658170_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_31355c50b2bdfcae185bb50a4a791960.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, риёз, пайвастан, сҳш, арабистони саудӣ
азм, риёз, пайвастан, сҳш, арабистони саудӣ
Таваҷҷуҳи Саудӣ барои пайвастан ба СҲШ
Дипломати Русия хоҳиши Арабистони Саудӣ барои табдил шудан ба як ҷузъи Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро дорои дурнамои хуб арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Арабистони Саудӣ ба узвияти комил дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳавасманд аст, изҳор дошт сафири Русия дар Риёз, Сергей Козлов дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
Ба гуфтаи вай, Риёз саъй дорад хати сиёсати хориҷиро гуногунсамта кунад ва тадриҷан аз шарикӣ бо Вашингтон дур шавад.
Пайвастшавӣ ба чунин иттиҳодияи байналмилалӣ, монанди СҲШ ба ин мусоидат мекунад.
"Дӯстони саудӣ дар ин бора, аз ҷумла дар тамос бо мо андешаҳои мувофиқ баён мекунанд", - таъкид кард сафир.
Мавзӯи шарикӣ дар муколамаи СҲШ фаъолона баррасӣ мешавад, гуфт ӯ.
"Дар маҷмӯъ, хоҳиши шарикони саудӣ барои табдил шудан ба як ҷузъи ин сохторҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама СҲШ, дурнамои хубе ба назар мерасад", - хулоса кард Козлова.
Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ахири СҲШ Эрон ёддошти тафоҳум барои узвият дар созмонро имзо карда, раванди пайвастшавии Белорус оғоз гардид.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.