Беҳтарин лаҳзаҳои зӯрозмоиҳои UFC 284 - видео

Обуна шудан
Ислом Махачеви русиягӣ бо тасмими якдилонаи доварон бар австралиягӣ Александр Волкановски пирӯз шуд ва қаҳрамони UFC дар вазни сабук боқӣ монд
Зӯрозмоии садрнишинҳои радабандии UFC, новобаста аз вазнҳо ҳодисаи меҳварии UFC 284 дар Австралия буд.
Ислом Махачев, варзишкори русиягӣ ва Алксандр Волкановскийи австралиягӣ 5 давр сабқат карданд, ки бар асоси баҳогузории доварон бо ҳисобҳои 48:47, 48:47, 49:46 ба фоидаи намояндаи Русия анҷом ёфт.
"Ин муборизаи хеле душвор буд. Ба ман як чолиш зарур буд, маро ба рушд водор месозад. Нишон додам, ки рақами як ҳастам", - гуфт Махачев пас аз мубориза.
Ӯ афзуд, ки баъди ин сабқат ҳамроҳ бо тимаш ҷараёни зӯрозмоиро таҳлил мекунаду сари иштибоҳҳо кор хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ размикори 31-солаи доғистонӣ аз октябри соли 2015 то ҳол шикастнопазир боқӣ мондааст. Ягона бохти Махачев аз Адриан Мартинси бразилиягӣ буд, ки дар даври аввал рух дод. Ӯ то ҳол 24 ғалаба дорад.
Махачев қаҳрамони нави UFC шуд: Камарбанд ба Русия баргашт
Унвони қаҳрамониро Ислом Махачев моҳи октябри соли гузашта ба даст оварда буд. Махачев дар он сабқат дар шаҳри Абу-Дабӣ дар даври дуюм бар размикори бразилиягӣ Чарлз Оливейро пирӯз омад.
Лентаи хабарҳо
0