https://sputnik.tj/20230211/sohibi-sayyora-darguzashti-akademik-pulod-bobojonov--1054850037.html
“Соҳиби сайёра”: даргузашти академик Пӯлод Бобоҷонов
“Соҳиби сайёра”: даргузашти академик Пӯлод Бобоҷонов
Sputnik Тоҷикистон
Академики шинохтаи тоҷику Шӯравӣ, нафаре, ки бо номи худ дар осмон сайёра дорад, дар синни 93-солагӣ даргузашт
2023-02-11T13:15+0500
2023-02-11T13:15+0500
2023-02-11T14:12+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
даргузашт
академияи улуми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_cb26ede1d9672772375127dc94056a2c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Пӯлод Бобоҷонов академики тоҷик даргузашт. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфт, академик Бобоҷонов бегоҳи рӯзи 10 феврал, дар манзили худ дар Душанбе пас аз бемории тӯлонӣ олами фониро тарк кард.Ба гуфтаи ӯ аксари кулли дастовардҳои ҷаҳонии илми нуҷуми Тоҷикистон ба номи ӯ рабт дода мешавад. Пӯлод Бобоҷонов соли 1930 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) -и Тоҷикистон ба дунё омада, пас аз хатми Институти педагогии Ленинобод ба номи Киров (1949) ва аспирантураи Институти давлатии астрономии ба номи Штернберги Институти давлатии Маскав ба номи Ломоносов (1950-53) дар Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон ба кор омадааст. Вай фаъолияти худро дар ин Институт шуруъ намуда, ду бор директор ва то охири умр директори фахрии он буд. Дар ин миён 13 сол (1971—1984) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, таҳқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст." Ӯ мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст. Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудааст, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт. Дар умум, устод Бобоҷонов барои илми тоҷик дастовардҳои мондагори зиёдеро камоӣ кардаанд”, - афзуд Фарҳод Раҳимӣ. Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пӯлод Бобоҷонов даҳҳо иттифоқи олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Иттифоқи байналхалқии астрономӣ, Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир, Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон ва як замон (1985—1988) раиси бюрои комиссияи "Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ"-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ буд. Бино ба ин манбаъ, Пӯлод Бобоҷонов зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷисмҳои хурди Манзумаи Офтоб бахшидашуда (дар ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат ва суханронӣ карда, осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Бо қарори Иттифоқи байналмилалии астрономӣ як сайёраи нави 7164 мавсум ба "Babadzhanov" ба номи Пӯлод Бобоҷонов гузошта шудааст.
https://sputnik.tj/20230208/hunarmand-shinokhta-tojik-chilakhon-kholov-darguzasht-1054768897.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/14/1041022547_130:0:2861:2048_1920x0_80_0_0_a655333209243d3437b30ace27091b2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон даргузашт академик пӯлод бобоҷонов
тоҷикистон даргузашт академик пӯлод бобоҷонов
“Соҳиби сайёра”: даргузашти академик Пӯлод Бобоҷонов
13:15 11.02.2023 (Навсозишуда: 14:12 11.02.2023) Академики шинохтаи тоҷику Шӯравӣ, нафаре, ки бо номи худ дар осмон сайёра дорад, дар синни 92-солагӣ даргузашт
ДУШАНБЕ, 11 фев – Sputnik. Пӯлод Бобоҷонов академики тоҷик даргузашт. Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, гуфт, академик Бобоҷонов бегоҳи рӯзи 10 феврал, дар манзили худ дар Душанбе пас аз бемории тӯлонӣ олами фониро тарк кард.
Ба гуфтаи ӯ аксари кулли дастовардҳои ҷаҳонии илми нуҷуми Тоҷикистон ба номи ӯ рабт дода мешавад.
“Он кас яке аз бузургтарин астрофизикҳои як қарни гузашта дар сатҳи Тоҷикистону ҷаҳон шинохта мешаванд. Аксари кулли дастовардҳо ва рушди илми астрофизикаи тоҷик ба номи он кас бастагӣ дорад”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Пӯлод Бобоҷонов соли 1930 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) -и Тоҷикистон ба дунё омада, пас аз хатми Институти педагогии Ленинобод ба номи Киров (1949) ва аспирантураи Институти давлатии астрономии ба номи Штернберги Институти давлатии Маскав ба номи Ломоносов (1950-53) дар Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон ба кор омадааст.
Вай фаъолияти худро дар ин Институт шуруъ намуда, ду бор директор ва то охири умр директори фахрии он буд. Дар ин миён 13 сол (1971—1984) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гуфт, таҳқиқоти Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ ва таҳаввули мадори онҳо бахшида шудааст.
" Ӯ мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст. Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон асбоби наззорӣ-шиҳобӣ сохта шудааст, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии шиҳобҳо асос гузошт. Дар умум, устод Бобоҷонов барои илми тоҷик дастовардҳои мондагори зиёдеро камоӣ кардаанд”, - афзуд Фарҳод Раҳимӣ.
Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пӯлод Бобоҷонов даҳҳо иттифоқи олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили Иттифоқи байналхалқии астрономӣ, Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир, Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон ва як замон (1985—1988) раиси бюрои комиссияи "Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ"-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ буд.
Бино ба ин манбаъ, Пӯлод Бобоҷонов зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷисмҳои хурди Манзумаи Офтоб бахшидашуда (дар ИҶШС, ИМА, Англия, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат ва суханронӣ карда, осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.
Бо қарори Иттифоқи байналмилалии астрономӣ як сайёраи нави 7164 мавсум ба "Babadzhanov" ба номи Пӯлод Бобоҷонов гузошта шудааст.