https://sputnik.tj/20230210/sokini-khatlon-mavzehoi-khatarnok-zindagi-1054819570.html
Даҳҳо ҳазор сокини Хатлон дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд
Даҳҳо ҳазор сокини Хатлон дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон муайян кардааст, ки беш аз 156 ҳазор сокини Хатлон дар мавзеъҳои хатарнок иқомат доранд
2023-02-10T09:45+0500
2023-02-10T09:45+0500
2023-02-10T09:45+0500
дар тоҷикистон
кҳф
хатлон
мавқеъ
хатарнок
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_0:1:883:497_1920x0_80_0_0_488bffca5883ac6bbfcdd048e617f765.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар миқёси вилояти Хатлон 315 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, Ҷамшед Маҳмадзода. Нашрияи расмии "Хатлон" аз қавли Маҳмадзода овардааст, ки дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо шумораи 156 ҳазору 504 нафар аҳолӣ зиндагонӣ ва фаъолият менамояд.Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла дар минтақаи Бохтар 123 мавзеи хафнок ва дар минтақаи Кӯлоб 192 мавзеи хафнок мебошад. Дар вилоят 315 мавзеъҳои хатарнок муайян гардидааст. "Аз онҳо 233 мавзеи таҳти хатари сел, 59 мавзеи хавфи ярч, 17 мавзеи обхезӣ, 4 мавзеи эрозияи замин ва 2 мавзеи лағжиши заминро ташкил медиҳанд", - дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки соли 2022 дар ҳудуди вилоят 3 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муфдоаи граждании Тоҷикистон маблағи умумии зарари расонидашуда аз офатҳои табииро наздики 800 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар пайи таъсири омилҳои гуногун офатҳои табиӣ дар кишвар майли афзоиш дошта, дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба иқтисоди кишвар хисорот ворид мекунанд.
https://sputnik.tj/20230208/prezident-akademiya-khatari-zilzilaho-tojikiston-1054773027.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041055495_109:0:772:497_1920x0_80_0_0_8039428d469e6bb849b03ba0af634b95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муайян, мавзеъ, аҳолинишин, хатарнок, аҳолӣ
муайян, мавзеъ, аҳолинишин, хатарнок, аҳолӣ
Даҳҳо ҳазор сокини Хатлон дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон муайян кардааст, ки беш аз 156 ҳазор сокини Хатлон дар мавзеъҳои хатарнок иқомат доранд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар миқёси вилояти Хатлон 315 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ дод сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, Ҷамшед Маҳмадзода.
Нашрияи расмии "Хатлон" аз қавли Маҳмадзода овардааст, ки дар ин мавзеъҳо 23 ҳазору 590 хоҷагӣ бо шумораи 156 ҳазору 504 нафар аҳолӣ зиндагонӣ ва фаъолият менамояд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷумла дар минтақаи Бохтар 123 мавзеи хафнок ва дар минтақаи Кӯлоб 192 мавзеи хафнок мебошад. Дар вилоят 315 мавзеъҳои хатарнок муайян гардидааст.
"Аз онҳо 233 мавзеи таҳти хатари сел, 59 мавзеи хавфи ярч, 17 мавзеи обхезӣ, 4 мавзеи эрозияи замин ва 2 мавзеи лағжиши заминро ташкил медиҳанд", - дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки соли 2022 дар ҳудуди вилоят 3 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муфдоаи граждании Тоҷикистон маблағи умумии зарари расонидашуда аз офатҳои табииро наздики 800 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар пайи таъсири омилҳои гуногун офатҳои табиӣ дар кишвар майли афзоиш дошта, дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба иқтисоди кишвар хисорот ворид мекунанд.